Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои комиссияҳои доимии АБ ИДМ иштирок намуданд

Октябрь 29, 2021 13:16

ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф баргузор гардид, ки дар кори он раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ дар реҷаи фосилавӣ иштирок ва суханронӣ намуд, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа санадҳои намунавии қонунгузорӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки комиссия болои онҳо кор мекунад, баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла,  «Тавсияҳо оид ба самтҳои дурнамои қонунсозии намунавӣ дар соҳаи илм ва маориф ва «Тавсияҳо оид ба танзими меъёрии рақамикунонӣ дар соҳаи маориф»  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар рӯзномаи ҷаласа ҳамчунин таҳрири нави «Кодекси иттилоотии намунавӣ барои давлатҳои аъзои ИДМ», «Тавсияҳо оид ба танзими меъёрии истифодаи зеҳни сунъӣ, аз ҷумла меъёрҳои ахлоқии тадқиқот ва коркардҳо», ҳамчунин асноди соҳаи маориф – «Тавсияҳо оид ба равишҳои ҳамоҳангшуда оид ба ташаккули системаи таълими муосири фармасевтӣ дар кишварҳои узви ИДМ»,  «Тавсияҳо  дар бораи чораҳои муайян ва дастгирии кӯдакону ҷавонони лаёқатманд», «Тавсияҳо оид ба ташкили кори тарбиявӣ бо падару модарон ва фаъолияти чамъиятии онҳо» мавриди таҳлил ва омӯзиши ҳамаҷониба  қарор гирифтанд.

Вакилони Парлумон ҳамчунин лоиҳаҳои қонуни намунавӣ «Дар бораи тиҷоратӣ гардонидани натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ дар соҳаи илм ва техника», қонуни намунавӣ «Дар бораи аттестатсияи (аккредитатсияи) давлатии субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ»-ро баррасӣ намуда, аз рӯи ҳамаи  масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Ҳамзамон имрӯз дар Қасри Таврический, қарорго ҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ баргузор гардид, ки дар он  вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода ба таври реҷаи фосилавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Аъзои комиссия лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ: «Дар бораи қонуни шартномавӣ (муқаррароти умумӣ)», «Дар бораи муомилоти молиявӣ», «Дар бораи роҳҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳо», «Дар бораи фаъолияти суғурта», «Дар бораи маблағҳо», «Дар бораи маблағҳои пулӣ»,  «Дар бораи муомилоти молӣ», «Дар бораи қонунгузории шартномавӣ»,  «Дар бораи ҳифзи истеъмолкунандагон (таҳрири нав)”, “Лоиҳаи таҳрири нави Низомнома дар бораи Институти байналмилалии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони давлатҳои аъзои АБ ИДМ», «Дар бораи лоиҳаи Низомномаи намунавӣ», «Дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои Институти байналмилалии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони давлатҳои аъзои АБ  ИДМ»-ро баррасӣ намуданд. Инчунин вакилон рафти омодагии лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ: «Дар бораи уҳдадориҳои аз зиён расонидашуда», «Дар бораи уҳдадориҳо дар натиҷаи бойшавии беасос ва амалҳои ба манфиати каси дигар бидуни фармоиш», «Дар бораи мубориза бар зидди ҷиноятҳои киберҷинояткорӣ»-ро баррасӣ намуданд.

Аъзои комиссия оид ба натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои коршиносони назди Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, ки 6 октябри соли 2021 баргузор гардид, табодули назар намуда, аз рӯи пешниҳодҳои таҳиянамудаи Шӯро қарор қабул намуданд. Илова бар ин, дар ҷаласа интихоботи муовинони Раиси комиссия баррасӣ гардид.

Дар Қасри мазкур инчунин ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш баргузор шуд, ки дар он вакили Маҷлиси намояндагон  Зоир Раҳмонзода онлайн иштирок ва суханронӣ намуд.

Аъзои комиссия масъалаи ташкилии интихоби ҷонишини раиси комиссия  ва лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи дастгирии давлатии кинематография», «Дар бораи фаъолияти театр», таҳрири нави «Кодекси намунавии моликияти зеҳнӣ барои давлатҳои аъзои ИДМ» , қонуни намунавӣ «Дар соҳаи рушди рақамӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш»-ро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба муносибати дар ИДМ эълон шудани соли 2023 соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо маърӯзаи С. Шуба, директори генералии театр-фестивали «Хонаи Балтика» дар бораи нақши забони русӣ дар фаъолияти театрии мамлакатҳои ИДМ ва дар бораи фестивали театрҳои русзабон бо номи «Вохӯрӣ дар Русия» шунида шуд.

АКСҲО: МН МО ҶТ

Октябрь 29, 2021 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Мавсума Муинӣ бо ҳайати намояндагони Дафтари минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Дар Узбекистон вохӯрии роҳбарони дастгоҳи парлумонҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид
Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбанд
Маҳмадтоир Зокирзода: «Тақвияти ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зарурати воқеӣ мебошад»
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар Форуми дуюми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамояд
ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ХОНАИ ҲАР ТОҶИКУ ТОҶИКИСТОНИРО РӮШНОӢ МЕБАХШАД. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҷашни муқаддаси давлатиро таҷлил намуданд
САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Имрӯз зани тоҷик вазир, сафир ва хеле кабир аст
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуд
Масъалаи тақвият бахшидани ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Эрон дар Санкт-Петербург баррасӣ гардид
Равобити байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҳиндустон густариш меёбад
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд