«Акмалиддин Каримов: «Пирӯзиамро ба Президенти маҳбубамон ва мардуми сарбаланди кишвар эҳдо мекунам!», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Ноябрь 18, 2021 13:52

ДУШАНБЕ, 18.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида матбуоти даврии Тоҷикистон оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат маводи сершумор ба нашр расониданд. Шарҳи мухтасари хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин хусус.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон   — «Ҷумҳурият» дар шумораи №230 (24 337) чоршанбе,  17 ноябри соли 2021 вобаста ба Рӯзи Президент, ки дар Тоҷикистон 16 ноябр таҷлил мегардад,  мақолаҳоро таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон. Нақши шахсият дар ҷаҳонишавии нуфузи миллат», «Акмалиддин Каримов: «Пирӯзиамро ба Президенти маҳбубамон ва мардуми сарбаланди кишвар эҳдо мекунам!», «Пешвои миллат ва эҳёи оинҳои бостонӣ», «Ҷомеа. Вақте Сарвари давлат ҷавонпарвар аст…» ва «Бузургдошти Рӯзи Президент арзишҳои баланди миллӣ ва шаҳрвандӣ дорад» ба нашр расонидааст. Дар шумораи мазкур зери рубрикаҳои «Рӯйдодҳои илмӣ», «Варзиш», «Ҷаҳон», «Ҷаҳон дар як сатр» ва  «Тоҷикистон» хабарҳо аз дохил ва хориҷи мамлакат   манзур гардидаанд.

Дар мақолаи  «Акмалиддин Каримов: «Пирӯзиамро ба Президенти маҳбубамон ва мардуми сарбаланди кишвар эҳдо мекунам!»  Акмалиддин  Каримови  31-сола, ки  дар  Чемпионати  ҷаҳон оид  ба самбо (12 – 14 ноябр, Тошканд, Ӯзбекистон) ба ҳама рақибонаш пирӯз шуда, қаҳрамони ҷаҳон гардид  чунин  гуфтааст: “Дар ин рӯзҳои фараҳ мо, халқи Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бешак, ғолибияти ҳар варзишгар дар мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ худ муаррифии номи миллату давлат аст. Ғалабаи ман туҳфаи арзандаест барои ин ҷашни фараҳ. Пирӯзиамро ба Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми сарбаланди кишвари эҳдо мекунам”.

Ҳамчунин дар шумораи №229 (24 336)  ин рӯзнома 16 ноябр таҳти унвони «Рӯзи Президент рӯзи ифтихори миллист!» матолиби ҷолиб оид ба фаъолияту дастовардҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп гардидаанд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Садои мардум» дар шумораи рӯзи  сешанбе,  16 ноябри соли равон таҳти унвони «Ниҳолшинонӣ дар майдони «Истиқлол» бо рафти корҳои сохтмонӣ» аз ҷараёни иштироки Сарвари давлат  зимни корҳои сохтмонӣ ва шинонидани дарахтони нодир дар ин макон мавод ба нашр расонидааст. Инчунин дар ин шумора таҳти унвони  «Рӯзи Президент ҷашни бузурги умумимиллист», «Пешвои миллат- наҷотбахши миллат», «Истиқлолиятро гиромӣ дорему ҳифз кунем», «Аҳамияти таърихии иҷлосияи тақдирсоз», «Гулфишони баҳори мо омад» ва «Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавод  нашр гардидаанд.

Дар ҳамин шумора хонандагон имкон доранд мусоҳибаҳои рӯзноманигори ин нашрияро доир ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода таҳти унвони «Рӯзи Президент арҷгузорӣ ба институти Президентӣ аст», мусоҳиба бо раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Руқия Қурбонова таҳти унвони «Ба зимистони сарди халқ дамид мисли баҳор» ва дар ин робита  бо нависанда  Садриддин Ҳасанзода таҳти унвони «Ватанро рӯ ба рӯ бо бахт карданд» мутолиа намоянд.

Нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон«Народная газета» дар шумораи №45 (20326), чоршанбе, 17 ноябри соли 2021 матолиб оид ба иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ниҳолшинонӣ дар боғи «Истиқлол», иштирок ва суханронии Сарвари давлат дар паради ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ва дигар хабарҳои дохил ва хориҷи мамлакатро нашр намудааст.

Дар ин шумора таҳти унвони «XVI сессия Верховного Совета- судьбоносная дата таджикской государственности», «Две важные даты периода независимости», «За 30 лет независимости было создано 4,8 миллиона рабочих мест», «Х.Хусейнзода: Кониституция Таджикистана столетиями будет служить развитию общества», «Глобальные инициативы Лидера нации в рамках ООН» ва дигар маводу гузоришҳо ба чоп расидаанд.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон /ҲХДТ/ — «Минбари халқ»  дар шумораи №46 (1340), чоршанбе,  17 ноябр чун дигар рӯзномаҳои ин ҳафта дар робита ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дастовард ва рушди давлатҳои миллии тоҷикон мавод нашр намудааст.

Дар ин шумора таҳти унвони «Рӯзи Президент- рамзи эҳтиром ва садоқати миллӣ», «Меъмори Тоҷикистони нав», «Поягузори Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», «Ниҳоди Президентӣ- кафолати рушди давлатдории миллӣ», «Президент- бунёдгузори ҷомеаи муосир» ва дигар маводи ҷолибу хонданӣ ба нашр расидаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 18, 2021 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 332 донишҷӯ хатм намуд
Банаворгирии филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт
«ПЕШВО, ҲИЗБ, МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии таъсиси ҲХДТ андешаҳои шахсиятҳои шинохтаи дунё ба нашр расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар озмунҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро гирифтанд
Дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ихтисоси «Омӯзгорони томактабӣ» таъсис медиҳад
Дӯстӣ пойдор бошад, комёбиҳо бештар мегарданд. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии дӯстӣ
Китоби «Фурӯғи худшиносии миллӣ» ба нашр расид