«ҚАСРИ АРБОБ» — МАКОНИ МУҚАДДАС ВА ТАЪРИХӢ. Ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад

Ноябрь 16, 2021 16:35

ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 сол муқаддам, аниқтараш 16 ноябри соли 1992 дар рӯзҳои сарди фасли тирамоҳ, дар он рӯзҳое, ки дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, дар рӯзҳои барои мардуми тоҷик хеле душвор ва сангин, ки сокинони кишварро  рӯҳияи яъсу ноумедӣ ба оянда фаро гирифта буд, аз зери абрҳои тира хуршед бо нурҳои умедбахшаш тулӯъ намуда,  фазои Тоҷикистонро мунаввар сохт ва аз дили сокинонаш яъсу ноумедиро барканор намуд. Дар он шабу рӯзи барои  миллати тоҷик сарнавиштсоз дар «Қасри Арбоб», ки  дар канори шаҳри бостонии Хуҷанд – дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст,  иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум баргузор гардид, ки он Тоҷикистонро аз вартаи нестшавӣ аз харитаи сиёсии ҷаҳон  ва буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва миллати тоҷикро аз парокандагӣ раҳо намуда, роҳро ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, шаклгирии  давлатдории миллӣ, пойдории миллат, ба ҳам омадани неруҳои мухолиф ва таъмини сулҳу суботи саросарӣ дар кишвар ҳамвор намуд.

Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба Ватан сулҳ меорам»

«Қасри Арбоб» — ин кох барои ҳар сокини Тоҷикистон макони  таърихист, зеро 16 ноябри соли 1992 дар ин ҷо иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, гардиши куллиеро дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони  муосир ба вуҷуд овард.

Дар «Қасри Арбоб» зимни даъвати иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  16 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   интихоб гардиданд. Баъди интихоб шуданашон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди вакилон  сухан намуда, гуфта буданд: «Ман тарафдори давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ мебошам», «Ман ба ватан сулҳ меорам», «Тамоми гурезагонро бармегардонам, агар барнагардонам, худамро  осуда ҳис намекунам».

Моҳи ноябри соли 1992  дар саҳни ҳавлии «Қасри Арбоб»  оши оштӣ дода шуда, гурӯҳҳои мухолиф ба созиш ва сулҳу салоҳ ҳидоят гардиданд ва  27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори  сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар шаҳри Москва  ба имзо расонида шуд.

Бунёди «Қасри Арбоб» идеяи кист?

Асосгузори «Қасри Арбоб» раиси собиқ колхози «Москва»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (1948-1957) Саидхоҷа Урунхоҷаев (1901-1967)  мебошад. Қасри фарҳанги  «Арбоб» зарфи шаш сол- 1951 -1957  дар теппаи Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки теппаи баланд буд ва аз он тамоми атроф намоён мегардид, сохта, ба истифода дода шуд. Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» корманд-роҳбалади Осорхонаи Қасри фарҳанги «Арбоб» Гулӣ Бардиева зикр намуд, санги асоси ин қасри таърихиро аллома Бобоҷон Ғафуров гузоштааст.

Идеяи сохтмони Қасри «Арбоб» аз он сарчашма мегирад, ки ҳангоме Саидхоҷа Урунхоҷаев ба шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербурги Русия сафар менамояд,  қасрҳои  бошукӯҳи ин шаҳрҳо, назири Эрмитаж ва Қасри Петергофро дар Санкт-Петербург тамошо карда,  ният мекунад ва ба хулосае меояд, ки дар зодгоҳаш барои колхозчиёну деҳқонон  қасри боҳашамат бунёд намояд. Саидхоҷа Урунхоҷаев баъди бозгашт аз Русия 22 колхозро муттаҳид менамояд ва номи онро Ворошилов мегузорад ва аз он  колхоз даромади зиёд мегирад ва имконият пайдо мешавад, ки сохтмони «Қасри Арбоб»-ро оғоз намояд.

Сохтмони қаср, ки аз ду ошёна иборат аст, расман соли 1951 шурӯъ гардида, арзиши умумии Қасри маданияти «Арбоб»  50 миллион рубли давраи шӯравиро ташкил медод, аммо  ҳамагӣ 12 миллион рубли он сарф гардидааст, зеро ин қаср бо роҳи ҳашар бунёд гардид.  Намуди зоҳирии «Қасри Арбоб» муосир буда, ба Қасри Петергофи Санкт-Петербург  шабоҳат дорад.

Нақшу нигори равоқҳои  қасрро устоҳои чирадасти маҳаллӣ  кашидаанд

Агар аз дурӣ  ба нақшу нигори қаср эътибор диҳем дар назарамон ҳамааш як хел менамояд, аммо  бодиққат назар намоем, нақшу нигори ҳар як равоқ  аз ҳамдигар фарқ менамояд, яъне 36 равоқи қаср  бо гулу нақшу нигори гуногун ва такрорнашаванда аз ҳамдигар  тафовут менамоянд. Дохили меҳробҳои қаср гаҷкорӣ ва  кандакорӣ  гардидааст.

Тавре Гулӣ Бердиева афзуд, тамоми нақшу нигори «Қасри Арбоб»  аз ҷониби чор нафар устоҳои чирадаст ва ботаҷрибаи маҳаллӣ- Усто Очил, Усто Раҳимшоҳ, Усто Зокир,  Усто Мақсуд, ки  синнашон аз  70 боло ва аз Хуҷанд, Исфара ва Истаравшан буданд, ҳамроҳ бо шогиронашон ба анҷом расонида шудааст. Устоҳои маҳаллӣ дар рангҳое, ки дар нақшу нигорҳои Қаср истифода намудаанд,  зардии тухм, ширеши зардолу  ва асал  омехта намуда, маҳсули корашонро  ба муҳлати сад сол  кафолат додаанд. Ин гуфтаҳо бозгӯи онанд, ки бо гузашти 64 сол бидуни ягон тағйирот рангҳои табиии нақшу нигори дар қаср истифодашуда  нафосат ва зебогии худро ҳифз ва нигоҳ доштаанд.

Масоҳати “Қасри Арбоб” 7 гектар ва дар маҷмӯъ бо боғи атрофаш 51 гектарро ташкил дода, гулу буттаҳо ва дарахтони нодири ҳамешасабз ва  фаввораҳои зебо ба саҳни қаср шаҳомати дигаре зам менамоянд ва макони сайру саёҳат ва фароғати сокинон ва меҳмонони вилояти Суғд гардидааст.

Макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд

Соли 2012 ба ифтихори 20-солагии  Иҷлосияи 16-уми таърихии  Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қаср таъмир гардида, танҳо фарш  ва курсиҳояш иваз гардиданд. Нақшу нигори қаср аслист.

Намои берунаи қаср, ки аслаш гулобӣ буд, соли 2012 ҳангоми  таъмир  онро зардча ранг карданд. Қасри «Арбоб», ки толори маҷлисгоҳаш дорои  700 ҷойи нишаст аст, барои чорабиниҳои сатҳи баланд ва сиёсӣ бо иштироки Пешвои миллат  ва раиси вилоят истифода мегардад. Аз ҷумла, 11 июни соли равон дар «Қасри Арбоб» вохӯрии  Сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Узбекистон Шавкат Мирзиёев  бо аҳли зиё ва фаъолони вилояти Суғд доир гардид. Инчунин ҳар нафаре, ки ба шаҳри Хуҷанд ташриф меорад, аз ҷумла сайёҳон  ҳатман ба тамошои Қасри фарҳангии таърихии «Арбоб» меоянд.

16 рақами одӣ нест, балки рақами таърихист

Рақами 16 барои «Қасри Арбоб» ва дар маҷмӯъ барои миллати тоҷик рақами  одӣ набуда, балки рақами таърихист, зеро дар сохтмони «Қасри Арбоб» 16 сутун истифода гардидааст, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб  16  ноябр  доир гардида,  16 рӯз идома ёфтааст, 16 ноябри соли 1994  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд, шуруъ аз соли 2016   16 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад.Аз ин рӯ, якчанд маротиба такрор  ёфтани рақами 16 дар санаҳои таърихии кишвар бозгӯи рақами таърихӣ будани  16 аст.

Бунёдгузори Қасри «Арбоб» яке аз пахтакорони номдор дар шимоли Тоҷикистон буд

Саидхоҷа Урунхоҷаев соли 1901 дар деҳаи Шайхбурҳони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда,  яке аз навоварони истеҳсолоти  колхозӣ ва аз пахтакорони номдору шӯҳратёр  дар шимоли Тоҷикистон буд. Вай солҳои 1936—1951 раиси якчанд  колхозҳо дар вилояти Суғд, аз ҷумла солҳои 1952—1967 раиси колхози «Москва» буд, ки яке аз хоҷагиҳои пешсафи  пахтакори ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Дар солҳои роҳбарии вай дар ҳудуди  колхоз 11 мактаб, мактаб-интернат, қасри фарҳанг, 5 кинотеатр, осоишгоҳ,  беморхона, таваллудхона ва дармонгоҳ  сохта шуд. Саидхоҷа Урунхоҷаев  соҳиби чор фарзанд буд, ки ду фарзандаш  дар давраи кӯдакиашон  фавтиданд. Писараш Исохоҷа  Урунхоҷаев соли 1995 дар 66 –солагӣ ва  духтарашон Мунаввара Урунхоҷаева соли 2014 дар сини 77  вафот  намудаанд. Алҳол набера ва абераҳояшон давомдиҳандаи кору пайкори бобои худ ҳастанд.

Иштирок дар маҷлисҳо бо либоси миллӣ

Саидхоҷа Урунхоҷаев як шахси  бузургҷусса буда, қадаш 182 сантиметр ва  вазнаш 176 килограмм буд. Як хислати хуби Саидхоҷа   Урунхоҷаев ин буд, ки ба куҷое намерафт,  ҳамеша либоси миллӣ –ҷома ва миёнбанд ба бар мекард. Ҳатто қарор баромада  буд, ки ҳама бояд дар маҷлисҳо бо либоси расмӣ иштирок намоянд, аммо  ба Саидхоҷа Урунхоҷаев ҳамчун ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ иҷозат медиҳанд, ки дар маҷлисҳо бо либоси миллӣ ҳузур дошта бошад.  Саидхуҷа Урунхоҷаев 14 сентябри соли 1967 дар 66- солагӣ вафот намудааст.

Осорхонаи «Қасри Арбоб» — бозгӯи таърихи пурғановати миллати  тоҷик

“Қасри Арбоб” то соли 1985 идораи маъмурии колхоз буда, барои гузаронидани маҷлис  бо иштироки колхозчиёну деҳқонон, намоиши консерт, кино ва дигар чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ истифода  мешуд ва соли 1985 он ба Осорхона табдил гардид.

Қаср дорои тақрибан сад утоқи корӣ буда, қаблан ҳамчун ҳуҷраҳои идораи колхоз истифода мешуд, инчунин дар  дохилаш чойхонаи миллӣ низ вуҷуд дошт.  Ҳамзамон хонаҳои миллии қадимаи тоҷикии намунаи солҳои 50-60 ҳамчун осорхона истифода гардидаанд. Ҳар як ҳуҷраи осорхонаи Қаср бозгӯи таърихи пурғановати миллати  тоҷик аст.  Аз ҷумла, давраи пеш ва баъди инқилоби Октябр — солҳои 1916-1940, ки дар он расмҳои мактаби усули нав, сохтмони канали Фарғона, ки  бо роҳи ҳашар дар зарфи 45 рӯз бо тӯли 365 км сохта шудааст, толори Ҷанги Бузурги Ватанӣ — солҳои 1941-1945 ҷойгиранд.

Саидхуҷа Урунхоҷаев  гарчанде дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок накардааст,  вале дар ақибгоҳ истода,  дар таъмини музаффарияти халқи  шӯравӣ ба истилогарони Олмон хизмати бузург намудааст. Дар Осорхонаи Қасри Арбоб расму нигораҳо оид ба дастовардҳои хоҷагии пахтакор, туҳфаҳо, ҳуҷраи корӣ, ҳаёт ва фаъолияти бунёдгузори “Қасри Арбоб” –Саидхоҷа Урунхоҷаев, либосҳояшон- миёнбандаш, ки  2 метру 6 см буд,  ҷомааш, мӯзааш,  утоқи корӣ, аксҳои бо  Сталин, Хрушев, Ворошилов  дар солҳои гуногун гирифташуда  ба маъраз гузошта шудаанд.

Лаҳзаҳои иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсоз барои миллат дар аксҳо

Дар «Қасри Арбоб» бештар таваҷҷуҳи  ҳар бинандаро толорҳои баргузории  Иҷлосияи таърихии 16-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар дар зарфи 30 сол ба худ ҷалб менамоянд.

Дар толори Иҷлосияи 16-уми Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксҳое, ки дар ҷараёни иҷлосияи таърихӣ гирифта шудаанд, аз қабили маросими  оши оштӣ, бӯсидани Парчам аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми интихоб шуданашон ба ҳайси Раиси Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар лаҳзаҳои таърихӣ ва сарнавиштсози ҷараёни баргузории иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон гирдоварӣ шудаанд, ки бозгӯи таърихи даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва тақдирсоз будани иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти давлат ва миллати тоҷик мебошанд.

                                          Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

                                    Душанбе-Хуҷанд-Бобоҷон Ғафуров-Душанбе

 АКСҲО:  Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар».

Ноябрь 16, 2021 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст