COVID-19. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион нафар бар зидди сирояти мазкур ваксина гирифтаанд

Ноябрь 30, 2021 15:41

ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумораи умумии мақсадноки аҳолӣ, ки бояд бар зидди бемории сироятии COVID-19 ваксина бигиранд, то ба ҳолати 30 ноябр 3 миллиону 206 ҳазору 63 нафар (51,8%) ваксина гирифтаанд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то имрӯз 2 миллиону 590 ҳазору 545 нафар (44,5%)  шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мутахассисони соҳаи тиб таъкид мекунанд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии бемории сироятии коронавирус-ин гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19  ба шумор меравад.

Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини солимии аҳолӣ ва пешгирии сирояти мазкур то ба имрӯз ба мамлакат 5 намуд ваксинаи зидди сирояти коронавирус ворид гардидааст, ки айни ҳол маъракаи ваксинатсия бар зидди ин беморӣ дар мамлакат  бомаром идома дорад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони мамлакат даъват ба амал овардааст, ки дар гирифтани вояҳои ваксинаи зидди сирояти коронавирус фаъол бошанд, зеро ягона роҳе, ки аҳолиро метавонад аз гирифторӣ ба сирояти коронавирус эмин нигоҳ дорад, ин ваксинатсия бар зидди  COVID-19 мебошад.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Ноябрь 30, 2021 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод