Дар ҳамоиши байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе олимон ҳолати кунунии пиряхҳоро дар шароити баландшавии ҳарорат баррасӣ намуданд

Ноябрь 25, 2021 14:17

ДУШАНБЕ, 25.11.2021/АМИТ «Ховар»/. Аз 14 ҳазор пиряхе, ки  дар Тоҷикистон мавҷуданд ва тақрибан 8 фоизи қаламрави ҷумҳуриро  ташкил медиҳанд, 1000 ададаш дар раванди тағйирёбии иқлим об гардидааст. Ин нукта дар ҳамоиши байналмилалии илмӣ-амалӣ, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Ҳолати кунунии пиряҳо, яхбандиҳо ва криосфера дар раванди баландшавии ҳарорат» доир гардид, зикр шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА аз ҷараёни баргузории ҳамоиш иттилоъ медиҳад, ки Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»  дар хамкорӣ бо шарикони рушд аз созмондиҳандагони ҳамоиш буда, огоҳ намудани ҷомеаи ҷаҳон оид ба ҳолати кунунии пиряхҳо дар шароити баландшавии ҳарорат дар кураи Замин, таҳияи роҳҳои  асосии ҳамкорӣ дар  самти  минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷиҳати ноил гардидан  дар самти омӯзиши пиряхҳо аз ҳадафҳои асосии ҳамоиш мебошад.

Намояндаи Парлумони Тоҷикистон  Ғайрат Азиззода, директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»  Абулҳамид Қаюмов доир ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба эълон гардидани соли 2025  Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва   муқаррар намудани  санаи мушаххаси  Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, таъсис додани Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, инчунин роҷеъ ба суханрониҳои Пешвои миллат дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим ибрози назар намуданд.

Гуфта шуд, ки аз ҷониби Ҳукумат ва  Сарвари давлати Тоҷикистон зарфи солҳои охир дар масъалаи об ва тағйирёбии иқлим, хусусан обшавии пиряхҳо  дар сатҳи байналмилалӣ ташаббусҳои наҷибона ироа мегарданд, ки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷонибдорӣ меёбад. Обу иқлим бо ҳам тавъам буда, тайи солҳои охир раванди тағйирёбии иқлим ва баланд гардидани ҳарорати ҳаво дар сайёра таъсири худро ба ҳаёт ва иқтисодиёти ҷаҳон  асосан тавассути захираҳои обӣ мерасонанд.

Дар ҳамоиш олимону коршиносон  ва намояндагони ниҳодҳои марбутаи кишвар доир ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, таъсири ногувори тағйирёбии иқлим  ба обшавии пиряхҳо, ҳолати  кунунии пиряхҳо ва омӯзиши онҳо, инчунин доир ба дурнамои пиряхҳо дар ҳавзаҳои дарёҳои  Тоҷикистон табодули назар намуданд.

Зикр гардид, ки пиряхҳои  Тоҷикистон на танҳо манбаи оби Тоҷикистон, балки манбаи оби ҳавзаи баҳри Арал ва дар маҷмӯъ 60 фоизи захираи оби минтақаи Осиёи Марказӣ буда, ҳолати пиряхҳо ба захираҳои обӣ,  сифати об ва иқлим таъсир мерасонад.

Гуфта шуд, ки  раванди тағйирёбии иқлим бозгӯи он аст, ки солҳои охир пиряхҳои  дар ҳудуди кишвар мавҷуда дар ҳолати обшавӣ қарор доранд. Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон  масъалаҳои марбут  ба омӯзиши кунунии пиряхҳо ва андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба мутобиқат намудани онҳо ба раванди тағйирёбии иқлим ва дар як меъёри муайян нигоҳ доштани пиряхҳо, инчунин омода намудани мутахассисони  касбиро дар ин самт баррасӣ намуда, пешниҳодҳои муфид ироа намуданд.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон бо мақсади омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо аз соли 2018 дар назди АМИТ Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шудааст. Таъсиси ин ниҳод дар кишвар дар самти омӯзиши пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим ва гармшавии ҳарорат  дар сайёра саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ мегардад.

 АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 25, 2021 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд