Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид

Ноябрь 21, 2021 14:43

ДУШАНБЕ, 21.11.2021 /АМИТ “Ховар”/. 21 ноябр дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад» маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар маросими мазкур  мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Панҷшанбезода, сардори раёсати инфрасохтори  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исоҷон Қурбонзода, директори Агентии “Тоҷикстандарт” Темурҷон Абдулваҳобзода, муовинони директор, роҳбарони марказҳои вилоятию минтақавии Агентӣ ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок намуданд.

Соҳибкорон намунаҳои маҳсулот ва хизматрасониҳои худро пешниҳод намуданд.  Ҳамзамон маҳсули дастии ҳунармандӣ низ ба намоиш гузошта шуда, теъдоди зиёди ҳунармандони мамлакат дар озмун ширкати фаъолона доштанд.

Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот, таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо молҳои баландсифат ва рақобатпазири ватанӣ, мусоидат ба саноатикунонии босуръати кишвар, ҳамзамон дар доираи таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Панҷшанбезода сухан карда, соҳибкоронро бо ин муваффақиятҳояшон муборакбод намуд ва  ҷиҳати дар оянда боз ҳам  беҳтар намудани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва саҳм гузоштан дар рушди иқтисодии мамлакат изҳори ақида намуд.

Озмуни мазкур  дар 2 давр доир шуда, дар он 290 корхона ва ташкилоти хизматрасон дархост пешниҳод намуда буданд. Дар натиҷаи хулосаи комиссия 116 корхонаю ташкилот ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.

Озмун аз рўи номгўи зерин гузаронида шуд:

маҳсулоти хўрокворӣ, маҳсулоти саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти таъйиноти истеҳсолию-техникӣ

-хизматрасонии хӯроки умумӣ ва хизматрасонии  нуқтаҳои савдо.

Дар анҷом ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Ноябрь 21, 2021 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд