ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ. КИМ ҲХДТ дар «Қасри Арбоб»-и вилояти Суғд конференсия доир намуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб»-и вилояти Суғд конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати бонуфузи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла муовинони Раиси ҲХДТ, муовини Сарвазири Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷамеа, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, раисони идораю кумитаҳои давлатӣ, иштирокчиёни Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходимони давлатию сиёсӣ, олимони варзида аз манотиқи гуногуни кишвар, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, баъзе раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб, собиқадорон, намояндагони занон ва ҷавонон, инчунин аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ба вилояти Суғд сафар намуданд.
Меҳмонони конференсияро дар даромадгоҳи шаҳри бостонии Хуҷанд бо риояи унсурҳои меҳмондорӣ масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва дигар фаъолон истиқбол намуданд.
Дар доираи баргузории конференсия иштирокчиён аз маҷмааи «Дуои модар» боздид намуданд. Муҷассама бо иқдоми роҳбарияти Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар майдони саҳни фурудгоҳ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи арҷузорӣ ва муҳаббату самимият нисбат ба модари тоҷик бунёд шуда, аввалин муҷассамаи азим дар ин намуд аст.
Бо мақсади мушоҳида намудани татбиқи амалии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ҳайати меҳмонон аз корхонаи ҶДММ «Текстилимпекс» боздид намуд.
Ҳамзамон иштирокчиёни конференсия Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд», Боғи Камоли Хуҷандӣ ва осорхонаи ин шоири маҳбуби диёрро тамошо карданд.
Қисмати назариявии конференсия дар Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб» доир гардид.
Зимни ифтитоҳи конференсия муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ иброз дошт, ки дар таърихи давлатдории мо мафҳуми «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шахсияти беназир ва корномаҳои ибратомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаммаъно гардидааст.
— Бисту нуҳ сол муқаддам дар ҳамин толори таърихӣ Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ҳадафи асосии он ба низом даровардани авзои мураккаби сиёсӣ, беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва барқарор кардани сохти конститутсионӣ буд, — гуфт Хайринисо Юсуфӣ.
— Ин иҷлосия дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим ва муассир бозидааст, ки аҳамияти он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ беназир дониста мешавад. Метавон ин иҷлосияро ҳамчун асоси бинои сулҳ дар Тоҷикистон ном ниҳод. Дар иҷлосия роҳбарияти нави сиёсии кишвар бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, ки минбаъд барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро таҳия намуда, ба миён гузошт. Ин иқдоми бузург заминаи эҳёи миллиро фароҳам оварда, хатари парокандагии давлати тоҷикону миллати тоҷикро аз байн бурд. Халқ донист, ки Сарвари давлат бо тамоми ҳастӣ, заҳмату ҷонфидоӣ, талошҳову тадбирҷӯиҳо раҳнамову ҳидоятгар аст, ба миллат сулҳу ваҳдат овардан мехоҳад ва бунёди Тоҷикистони ободу озод орзуи ягонаву доимии ӯст.
Бо гузашти вақт, бо иттиҳоду ҳамбастагии мардум орзуҳо ҷомаи амал ба бар карданд ва Роҳбари давлат дар минбарҳои баландтарини олам аз шукӯҳу рифъат ва озодиву истиқлоли Тоҷикистон садо баланд намуд, аз арзишҳои олии миллати бостонии тоҷик сухан гуфт, ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиро бо нуру гармӣ истиқбол кард ва Тоҷикистонро хонаи тамоми тоҷикони олам номид. Ҷавобан ба ин корномаҳо халқ Сарвари давлатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат хонд ва аз соли 2016 инҷониб тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Муовини Раиси вилояти Суғд оид ба иқтисодиёт ва молия Анвар Яъқубӣ ҳозиринро аз номи муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки «дар Қасри Арбоб, қасре, ки бунёдгузораш шахси некхоҳу некбин, пири деҳқонони тоҷик Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев мебошад, бо раъйи вакилони мардумӣ фарзанди шоистаи халқу миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд».
Таърих собит кард, ки ҳамфикрии вакилон дар интихоби Роҳбари давлат дар Қасри Арбоб – интихоби фардои дурахшон, интихоби сулҳу ваҳдат, интихоби роҳи ободиву озодӣ ва пешрафту тараққиёт аст. Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16 ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мардум қабул гашта, шакли идораи кишварро ба шакли ҷумҳурии президентӣ муайян сохт.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён изҳор доштанд, ки бузургдошти Рӯзи Президенти Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандӣ мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунанд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷамеа, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода роҷеъ ба самтҳои муҳимтарини рушди соҳаи иҷтимоиёти мамлакат гуфтанд, ки мо ин рӯзро ҳамчун арзиши ҳокимияти олӣ дар баробари Рӯзи Парчами миллӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ва кулли санаҳои масъуд таҷлил мекунем. Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.
Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода дар мавзӯи «Президент — поягузори ислоҳоти ҳуқуқию маънавии ҷомеа» ишора кард, ки интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ маънои нав бахшида, мақоми президентиро ба ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат, институти илмӣ ва сарҷамъии миллат табдил дод. Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун меъмори давлати нави соҳибистиқлол дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар хотираи халқамон як умр боқӣ хоҳад монд.
Дар идомаи кори конфронс маърӯзаҳои раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода дар мавзӯи «Нақши Президенти Тоҷикистон дар ташаккул ва такомули бовусъати Парлумони касбӣ дар мамлакат», намояндаи доимии ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов дар мавзӯи «Президенти Тоҷикистон – асосгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва уфуқҳои байналмилалии кишвар», иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ходимони намоёни давлатӣ Гулафзо Савриддинова ва Ғайбулло Авзалов, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Нуралӣ Шоҳиён дар мавзӯи “Саҳми беназири Президенти Тоҷикистон дар рушди инноватсионии иқтисодиёт ва неруи инсонӣ”, мудири шуъбаи масъалаҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва номзади илмҳои филологӣ Субҳиддин Зиёев дар мавзӯи «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат дар густариши он» шунида шуданд.
Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ иброз дошт, ки «истиқлолият неъматест, ки ба қадри он расидан вазифаи шаҳрвандии ҳар сокини Тоҷикистон мебошад. Истиқлолият аст, ки мо давлату миллати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудем ва Парчами давлати соҳибистиқлоламон дар қатори ливои дигар давлатҳо дар Созмони Милали Муттаҳид парафшон мебошад. Мо вазифадор ҳастем, ки баробари фаъолияти ҳамарӯзаи хеш ба арзишҳои олии милливу давлатӣ, ба мероси гаронбаҳои ниёгон, Модар-Ватан, забони давлатӣ, сулҳу ваҳдат, Президенти мамлакат ва тамоми муқаддасоти Тоҷикистони соҳибистиқлол арҷ гузорем».
Дар идомаи конфронс ба нишони эҳтиром ва иродату самимият аз номи ҳайати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Осорхонаи Қасри Арбоб дар вазъияти тантанавӣ армуғони хосса тақдим гардид.
Таҷлили Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳар фарди худогоҳу ватандӯстро водор менамояд, ки дар зери ливои Ватан бо ҳам оем ва баҳри он бикӯшем, ки дар партави сиёсати бобарору созандаи Президенти маҳбуби мамлакат, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон пешравиҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба амал оянд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: КИМ ҲХДТ