Раиси вилояти Суғд бо фаъолияти як қатор гармхонаву сардхонаҳо шинос гардид

Ноябрь 19, 2021 11:37

ДУШАНБЕ, 19.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар миқёси вилояти Суғд 36 адад сардхона бо ғунҷоиши аз 40 то 1000 тонна фаъолият дошта, дорои иқтидори умумии 8 ҳазору 680 тонна мебошанд ва дар онҳо маҳсулоти гуногун захира гардида истодааст. Ҳамзамон, дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ 454 гармхона мавҷуд аст, ки аз он 289 гармхонаи навъи хитоӣ ва 4 гармхона навъи инноватсионӣ мебошанд.

Дар ин бора зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз як қатор гармхонаву сардхонаҳои вилоят, ки  18 ноябр сурат гирифт, маълумот дода шуд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Раҷаббой Аҳмадзода   аз ҷумла бо фаъолияти гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро» ошно шуд. Дар ин гармхонаи инноватсионӣ, ки моҳи марти соли 2020 бо иштироки  Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд, айни замон парвариши помидору бодиринг ба роҳ монда шуда, маҳсулот барои таъмини эҳтиёҷоти бозори дохилӣ истифода мегардад.

Роҳбари вилоят ҳамзамон аз гармхонаву сардхонаҳои Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, барои захира ва​ истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулот ба роҳбарияти ноҳия тавсияҳо дод.​

Раҷаббой Аҳмадзода зикр кард, ки аз ҷониби идораҳои марбута барои зимистони дарпешистода маводи асосии ғизоӣ, аз ҷумла равғану шакар, орд, картошка, сабзӣ, пиёз, консерва ва дигар номгӯи маҳсулот захира гардидааст. Барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза бояд фаъолияти гармхонаву сардхонаҳо беҳтар ба роҳ монда шавад.

 

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 19, 2021 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид