Соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Красноярск созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 24 ноябр гурӯҳи соҳибкорон аз вилояти Красноярски Федератсияи Русия ба вилояти Суғд омада, давоми чаҳор рӯз бо фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардиданд. Дар доираи сафар соҳибкорони вилояти Красноярск бо соҳибкорони вилояти Суғд мулоқот намуда, барои таҳкими робитаҳо ва афзун намудани додугирифти молу маҳсулот якчанд созишномаҳои ҳамкориро имзо карданд, иттилоъ доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».
Тибқи иттилои масъулини Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, пас аз мулоқоту гуфтушунидҳо миёни ширкатҳои «Энки» ва «Зардолу ва компания», «Отелторг» ва «Қолинҳои Гулистон», «Отелторг» ва «Ҷавонӣ», «Отелторг» ва «Нассоҷи Хуҷанд», «Отелторг» ва «САТН», «Крас Хемп» ва «Баракат Исфара», «Крас Хемп» ва «Комбинати консервабарории Исфара», «Крас Хемп» ва «Субҳи Ватан», «Крас Хемп» ва «Фортуна ва Ко», Ширкати молиявии «Аксиома» ва Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки минбаъд ҷонибҳо дар асоси онҳо ба ҳамкорӣ тақвият мебахшанд.
АКС: МИҲД-и вилояти Суғд








Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд






