COVID-19. Ба Тоҷикистон боз 868 ҳазор воя ваксинаҳои зидди ин беморӣ ворид шуд

Декабрь 6, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 06.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 5 декабр ба Ҷумхурии Тоҷикистон бо мусоидати механизми КОВАКС 546 ҳазор воя ваксинаи «КоронаВак» ва  дар доираи барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID- 19 ҳамчун кумаки башардӯстона аз ҷониби кишварҳои Австрия 150 ҳазор воя ваксинаи «АстраЗенека», Маҷористон 50 ҳазор воя ваксинаи «АстраЗенека», Хорватия 122 ҳазор воя ваксинаи «Модерна» ва дар маҷмӯъ 868 ҳазор вояҳои ваксинаҳои зидди сирояти коронавируси нави COVID-19 тавассути Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) вориди Тоҷикистон гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вояҳои ваксинаҳои мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи грантии Бонки Осиёии Рушд (БОР) ба мамлакат ворид шуд.

Дар маросими қабули вояҳои ваксинаҳои макзур дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, Консули Маҷористон дар Тоҷикистон, Бонки Осиёии Рушд ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки ворид гардидани вояҳои ваксинаҳои мазкур баҳри боз ҳам ҷоннок намудани маъракаи иммунизатсия бар зидди сирояти COVID-19 миёни сокинони кишвар мусоидат менамояд.

Аз оғози маъракаи иммунизатсия бар зидди сирояти COVID-19 то ба имрӯз дар ҳудуди кишвар 3 миллиону  118 ҳазору  210 нафар (53,5 фоиз) бо вояи якум ва бо вояи дуюм 2 миллиону 641 ҳазору 449 нафар (45,3 фоиз) ба ваксинатсия зидди сирояти мазкур фаро гирифта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз ба Тоҷикистон 7 миллиону 705 ҳазору 200 воя ваксинаи зидди бемории COVID-19 ворид гардидааст.

АКСҲО: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Декабрь 6, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон