Дар Кӯлоб Форуми минтақавии соҳибкории Хатлон-2021 баргузор шуд

Декабрь 29, 2021 15:12

ДУШАНБЕ, 29.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. 28 декабр дар шаҳри Кӯлоб Форуми минтақавии соҳибкории Хатлон-2021 таҳти унвони “Саноат ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ хабар доданд.

Форуми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Кумитаи давлати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб доир шуд. Дар он намояндагони вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон ва коршиносони соҳа ширкат варзиданд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода зимни ифтитоҳи форум иброз дошт, ки ҳадаф ва мавзӯъҳои Форум шиносоӣ бо имконияти соҳибкорӣ дар самти рушди саноат, баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолии саноатӣ, васеъ намудани истеҳсолот ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Кулоб мебошад. Инчунин ҷустуҷўи роҳҳои муосиргардонии дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ, ҷалби сармоя, дарёфти бозорҳои фурӯш,  ба роҳ мондани ҳамкории самараноки дуҷониба ва мубодилаи таҷриба байни минтақаҳо, баррасӣ ва ҳалли мушкилоту монеаҳои мавҷудаи минтақа дар самти соҳибкории истеҳсолӣ ва таъмини рушди соҳаҳои саноат зимни форум матраҳ мегарданд.

Муовини Раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода оид ба нишондиҳандаҳои оморӣ ва дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят, нақшаю барномаҳои рушд, саҳми назарраси соҳибкорону сармоягузорон дар таъмини афзоиши ҳаҷми истеҳсолот  ва сатҳи некуаҳволии аҳолии вилоят ибрози назар намуд.

Дар форум Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Саидзода, роҳбари маъмурияти МОИ “Кӯлоб”   Мустафо Абдуллозода,  намояндаи КВД “Саноатсодиротбонк” Бахтиёр Абдуллозода, Директори ҶДММ “Кооператор”,-и шаҳри Кӯлоб Гулсун Иброҳимова, Директори филилали ҶДММ “Ваҳдат текстайл” дар шаҳри Кӯлоб Орзу Холиқов, Директори ТҶ «Рӯшноӣ»-и ноҳияи Рашт Мирзошоҳ Акобиров, намояндаи Ассосиатсияи агробизнеси Тоҷикистон Қутфулло Зиёдуллоев, намояндаи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Ҳусейн Додоҷонов доир ба масъалаҳои матраҳшаванда ва ҷолиби таваҷҷуҳ сухан гуфтанд. Ҳангоми мубодилаи афкор баромадкунандагон вобаста ба таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасӣ, пайгирӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои бахши хусусӣ, имконияти истифода аз хизматрасониҳои бонкӣ, тавсеаи фаъолият оид ба ҷамъоварӣ ва банду басти меваҳо, бунёди корхонаҳои истеҳсоли таҷҳизот ва васоили  банду басти меваҳо, ба роҳ мондани ҷамъоварии пӯсту пашм ибрози назар намуданд.

Баргузории форуми навбатӣ дар шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи саноат дар доираи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ вобаста ба эълони солҳои 2022–2026 Солҳои рушди саноат тадбири хубест баҳри рушди соҳа дар ин минтақа.

Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои Форуми минтақавии соҳибкории Хатлон-2021 дар мавзӯи “Саноат ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолӣ” барои таҳкими заминаҳои асосии муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми вилоят ва дар маҷмуъ Тоҷикистон, инчунин тақвияти ҳамбастагӣ дар самти истифодаи якҷоя ва самараноки имконияти дар минтақа мавҷуда мусоидат хоҳад кард.

Дар  форум шаш санади ҳамкорӣ — Созишномаи ҳамкорӣ оид ба бунёди корхонаи саноатӣ оид ба истеҳсоли набот, равған ва банду басти намаки ошӣ байни маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кӯлоб агросаноат” ва ёддоштҳои тафоҳум дар самтҳои ҷамъоварӣ, коркарди аввалин, банду баст  ва фурӯши маҳсулот, дар самтҳои сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии зиёратӣ, сайёҳии экологӣ, сайёҳии таърихию фарҳангӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти таъсиси Ассотсиатсияи  соҳибкории минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба имзо расонида шуданд.

Дар доираи форум иштирокчиён аз МОИ “Кӯлоб” дидан намуданд.

АКСҲО: котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти ҶТ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Декабрь 29, 2021 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид