ДАРАХТ БИНШОН. Дар мавзеи партовгоҳи ҷумҳуриявии заҳрхимикатҳо дар Вахш беш аз 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеи партовгоҳи заҳрхимикатҳои ҷумҳуриявии ноҳияи Вахш беш аз 3 000 бех ниҳоли дарахтони сояафкани ба иқлими гарм ва камоби ин минтақа тобовар шинонида шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин тадбир бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикони рушд дар мавсими ниҳолшинонӣ бо мақсади сабзу хуррам намудани муҳити атроф андешида шуд.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, кормандони соҳа аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят, ихтиёриёни Ташкилоти ҷамъиятии «Пешсаф» аз шаҳри Душанбе ва сокинони маҳаллӣ фаъолона иштирок намуданд.
Шинонидани ниҳолҳо бо тартибу риояи қоидаҳои тавсиянамудаи мутахассисон ба роҳ монда шуда, барои таъмини нигоҳубини минбаъдаи онҳо аз масофаи 5 км хатти об кашонида шудааст.
Тавре масъулин иброз намуданд сабзиши ниҳолҳои шинонидашуда дар оянда метавонад ба таъмини беҳдошти муҳити зист ва зебоии ин мавзеъ мусоидат намояд.
Бо ташаббуси Кумита баҳри ҳифзу беҳдошти муҳити атроф тавассути сабзазоркунӣ ҳамасола чунин тадбирҳо андешида шуда, дар баробари шафати роҳҳо, боғу гулгаштҳо, оромгоҳҳо, ҳамзамон дар ҳудуди чунин мавзеъҳои махсус муҳофизатшаванда низ ниҳолони сояафкану ҳамешасабз шинонида мешаванд.
АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ











МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






