ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ. Дар Тоҷикистон давоми 10 моҳ ба маблағи зиёда аз 325 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд
ДУШАНБЕ, 09.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ нишон медиҳад, ки давоми 10 моҳи соли равон Агентии назорати давлатии молиявии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва моликияти давлатӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳо ва дигар муассисаҳо 822 санҷиш гузаронида, ба маблағи зиёда аз 325 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор кард. Дар натиҷаи тадбирҳои андешида аз маблағи ошкоргардида беш аз 227 миллион сомонӣ ситонида шуд ва барои рӯёнидани маблағи боқимонда тадбираҳои зарурии ҳуқуқӣ андешида шуданд. Ин оморро дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи Агентӣ, подполковники адлия Шодком ТУРСУНЗОДА дар ҳошияи Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия, ки шурӯъ аз соли 2004 ҳамасола 9 декабр дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, зикр намуд.
АМИТ «Ховар»: — Дар дунё давлате ҳаст, ки дар он коррупсия вуҷуд надошта бошад ва чаро?
Шодком Турсунзода: — Коррупсия падидаи номатлуби иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ буда, дар замони мо ба яке аз ҷиноятҳои фаромиллӣ табдил ёфтааст. Ҳарчанд ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста бо он дар муборизаи оштинопазир қарор дорад, аммо бо таъсири омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, бунёдӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва ташкилӣ ҳеҷ кишвари ҷаҳон натавонистааст аз ин падида канор бошад.
АМИТ «Ховар»: — Сатҳи коррупсияро дар Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Шодком Турсунзода: — Агентӣ ба хотири муайян кардани сатҳи коррупсия дар кишвар соли 2016 бо иштироки 88 ҳазор нафар назарсанҷӣ анҷом дода буд.
Аз шумори умумии ширкаткунандагон беш аз 19 ҳазор нафар ё 22% сатҳи коррупсияро дар кишвар паст, ҳудуди 34 ҳазор нафар ё ба ҳисоби миёна 38% — миёна, зиёда аз 23 ҳазор нафар ё 26% — баланд арзёбӣ намуда, боқимонда 12 ҳазор нафар ё 14 % мавқеи худро муайян накарданд. Тақрибан 25 ҳазору 500 нафар ё 29 дарсади пурсидагон бар ин назаранд, ки сатҳи коррупсия дар ҳоли коҳиш, 25 ҳазор нафар ё 28 дарсад — афзоиш ва 22 ҳазору 700 нафар ё 26 дарсад – бетағйир боқӣ мондааст.
Тибқи таҳлилҳо, сарфи назар аз он ки субъектҳои бевоситаи ба мубориза бар зидди коррупсия алоқаманд бо мақсади пешгирии содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои вобаста ба андоз корҳои фаҳмондадиҳӣ, санҷишӣ, таъқиби ҷиноятӣ ва дигар тадбирҳои пешгирикунанда мегузаронанд, мутаассифона, қоидавайронкуниҳои коррупсионӣ ҳанӯз ҳам аз ҷониби баъзе шахсони мансабдори вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ содир карда мешаванд.
Агентӣ ҷиҳати пешгирии содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва ба ин васила коҳиш додани мизони коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имконият истифода мебарад ва ман итминон дорам, ки дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мо дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил хоҳем шуд.
АМИТ «Ховар»: — Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти имсолаи ниҳодатон мегуфтед.
Шодком Турсунзода: — Таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ нишон медиҳад, ки давоми 10 моҳи соли 2021 воҳидҳои назорати давлатии молиявии Агентӣ бо мақсади таъмини истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва моликияти давлатӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳо ва дигар муассисаҳо 822 санҷиш гузаронида, ба маблағи 325 миллиону 820 ҳазор 116 сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карданд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешида аз маблағи ошкоргардида 227 миллиону 537 ҳазору 632 сомонӣ ситонида шуд ва барои рӯёнидани маблағи боқимонда тадбирҳои зарурии ҳуқуқӣ андешида шуданд.
Дар ин давра аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 1833 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба он вобаста ба қайд гирифта шуданд, ки 779 ададашонро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд.
Дар ин муддат муфаттишони Агентӣ 784 парвандаи ҷиноӣ боз намуда, дар 588 адади он нисбат ба 765 нафар тафтиши пешакӣ анҷом додаанд.
Зарар аз рӯи парвандаҳои ҷиноии анҷомшуда 466 миллиону 909 ҳасору 489 сомониро ташкил дода, пас аз санҷиши пешакӣ 297 миллиону 782 ҳазору 63 сомонӣ рӯёнида шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби кормандони Агентӣ дар ин давра 1254 ҳуқуқвайронкунии маъмурии дорои хусусияти коррупсионӣ ошкор карда шуда, дар натиҷаи баррасии онҳо ба шахсони содиркардаи ин ҳуқуқвайронкуниҳо ба маблағи 1 миллиону 420 ҳазору 638 сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ баста шуданд, ки пурра ба буҷети давлатӣ гузаронда мешавад.
Агентӣ ҷиҳати иҷрои талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», ки хизмати якҷоя ва таъйини хешовандони наздикро ба мансабҳои давлатӣ ва ё ба вазифаҳои ба онҳо баробаркардашуда манъ мекунад, чораҳои зарурӣ андешида, 99 ҳолати вайронкунии меъёрҳои моддаи зикршударо ошкор кард, ки дар асоси онҳо кормандони Агентӣ барои бартараф намудани қонуншиканиҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешиданд.
Бо мақсади фароҳам овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳру деҳот 863 вохӯрӣ баргузор гардид.
АМИТ «Ховар»: — Ба назари шумо, сатҳи имрӯзаи маърифати зиддикоррупсионии ҷомеа дар кадом поя қарор дорад?
Шодком Турсунзода: — Мубориза бар зидди коррупсия саъю кӯшиши дастҷамъона буда, сохторҳои давлатӣ якҷоя бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар узви ҷомеа метавонанд ба коҳиши шиддати он мусоидат кунанд.
То имрӯз дар кишвар якчанд ташкилоти ғайриҳукуматӣ бо мақсади амалӣ намудани тадбирҳои пешгирикунанда, аз қабили таблиғи зиддикоррупсионӣ таъсис ёфта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар омӯзиш ва арзёбии коррупсия дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳм мегузоранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маърифати зиддикоррупсионии ҷомеа то андозае боло рафта, шаҳрвандон дар самти мубориза бо коррупсия донишу малакаҳои нав гирифтаанд.
АМИТ «Ховар»: — Яъне, гуфтан мумкин, маърифатнокӣ ва умуман маориф дар мубориза бо коррупсия нақши бориз дорад?
Шодком Турсунзода: — Бешубҳа. Бояд тазаккур дод, ки маърифатнокии зиддикоррупсионӣ дар татбиқи чораҳои зиддикоррупсионӣ тавассути ҷорӣ намудани барномаи таълимӣ, ки ба андӯхтани дониш, малака ва масъулият барои огоҳ намудан, пешгирӣ ва ошкор кардани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, ташаккули муносибати оштинопазирона дар ҷомеа нисбат ба чунин ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани маданияти ҳуқуқӣ нигаронида шудааст, нақши муҳим мебозад.
Дар баробари ин, таблиғи зиддикоррупсионӣ тадбири мақсадноки мубориза бо коррупсия мебошад, ки тавассути воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет, вохӯриҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар усулҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
АМИТ «Ховар»: — Дар Тоҷикистон баробари корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар роҳи мубориза бо коррупсия боз кадом тадбирҳо андешида мешаванд?
Шодком Турсунзода: — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 7 августи соли 2020 ҳамчун санади мукаммали ҳуқуқӣ қабул гардид, ки заминаи ташкилию ҳуқуқии мубориза бо коррупсияро таъмин намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти иқтисодӣ ва фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатиро аз таҳдиди ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиониро танзим менамояд.
Барои муқовимат ба коррупсия ва рафъи ин падидаи номатлуб дар баробари такмили қонунгузории кишвар барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ дар ин самт қабул шудаанд, ки татбиқи онҳо ба коҳиш додани сатҳи коррупсия дар кишвар нигаронида шудааст.
Мутобиқи бандҳои 12 ва 13-и Стратегияи давлатии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар кишвар аз ҷумла андешидани тадбирҳои зерин ба нақша гирифта шудаанд:
— муайян намудани усулҳои муосири пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия;
— мунтазам такмил додани қонунгузории зиддикоррупсионӣ бо назардошти рушди робитаҳо бо ҷомеа;
— муайян намудани самтҳои афзалиятноки мубориза бар зидди коррупсия;
— андешидани тадбирҳои мушаххас оид ба пешгирии коррупсия, инчунин муайян намудани иҷрокунандагон ва муҳлатҳо;
— муайян намудани тартиби назорат аз болои иҷрои тадбирҳои зиддикоррупсионӣ;
— тақвият додани низоми ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бар зидди коррупсия;
— муайян намудани шаклхои арзёбии вазъи коррупсия дар кишвар;
— ташаккули мавқеи ҳуқуқии шаҳрвандон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба коррупсия;
— ошкор ва мусодираи даромадҳои бо роҳи ҷиноят гирифта, мусодираи онхо ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ин соҳа;
— такмили низоми қонунгузории зиддикоррупсионӣ ҷиҳати риояи талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ;
— татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ оид ба мубориза бар зидди коррупсия дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
АМИТ «Ховар»: — Дар соҳа кадом дигаргуниҳо дар назар ҳастанд?
Шодком Турсунзода: — Мутобиқи Стратегияи давлатии мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тадбирҳои зерин пешбинӣ шудаанд:
— такмили қонунгузории миллӣ бо мақсади мутобиқ гардонидан ба талаботи ҳуқуқи байналмилалӣ;
— таҳлили вазъи ҷиноятҳои коррупсионӣ;
— пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия дар соҳаи хизмати давлатӣ, маориф ва тандурустӣ, андозу гумрук, хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳое, ки фаъолияташон ба коррупсия осебпазир аст;
— ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма ба раванди мубориза бо коррупсия ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии зиддикоррупсионии аҳолӣ;
— такмил ва ислоҳоти низоми идораи назорати давлатии молиявӣ;
— ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ ҷиҳати аз байн бурдани омили инсонӣ;
— истифодаи чораҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ дар мубориза бар зидди коррупсия;
— дуруст гузаронидани санҷиши давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо;
— пурзӯр намудани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ;
— таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар раванди пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия.
АМИТ «Ховар»: — Албатта, дар мубориза бо коррупсия нақши институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле муҳим аст, ҳамин тавр не?
Шодком Турсунзода: — Бале. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо шаҳрвандон дар назди мақомоти иҷроия комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шудаанд.
Ҳамзамон Агентӣ дорои шабакаҳои иҷтимоии Viber (+992) 880006377, WhatsApp (+992) 880006377, почтаи электронии расмии info@anticorruption.tj, сомонаи расмӣ anticorruption.tj, телефони боварӣ барои шаҳрвандон бо рақами 224-23-23 ва қуттии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ки шаҳрвандон тавассути онҳо ба мо дар бораи ҳолатҳои коррупсия, коррупсияи иқтисодӣ ва ҷиноятҳои марбут ба андоз мунтазам шикоят ва маълумот пешниҳод мекунанд.
АМИТ «Ховар»: — Ҳолатҳои коррупсионӣ бештар дар кадом соҳаҳо ба қайд гирифта шудаанд?
Шодком Турсунзода: — Тибқи маълумоти оморӣ, ин гуна ҳолатҳо бештар дар ташкилотҳои қарзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба мушоҳида мерасанд.
АМИТ «Ховар»: — Агентӣ бо мақомоту ташкилотҳои хориҷӣ низ ҳамкорӣ мекунад?
Шодком Турсунзода: — Бале, воҳиди махсусгардонидашудаит Агентӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ дар доираи ваколатҳои худ, инчунин тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо чандин ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва мақомоти мубориза бо коррупсияи кишварҳои алоҳида ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.
Аз ҷумла, Агентӣ бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Гурӯҳи мақсадноки амалиёти молиявӣ оид ба шустушӯи пул (FATF), Дафтари САҲА дар Душанбе, Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ҳамкорӣ дошта, феълан раёсати Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти андоз (молия)-и давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро бар уҳда дорад ва узви Шӯрои байнидавлатии мубориза бо коррупсия мебошад.
Бо мақсади рушди ҳамкории байналмилалӣ танҳо соли ҷорӣ Агентӣ бо Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия ва бо Агентии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Узбекистон ва Бюрои миллии гузоришдиҳии Ҷумҳурии Исломии Покистон ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонид.
Инчунин лоиҳаи созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия бо Агентии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус таҳия гардида, ба идораҳои марбутаи кишварҳои дахлдор ирсол карда шуданд.
Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Агентии назорати давлатии молиявии мубориза бо коррупсияи ҶТ