Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон: «Ягона роҳи муассири эмин мондан аз бемории КОВИД-19 эмгузаронӣ мебошад»
ДУШАНБЕ, 22.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бисёр кишварҳои дунё мавҷи нави бемории сироятии КОВИД-19 ва фавти одамон идома дорад. Бинобар ин, ба мардуми мамлакат муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки гарчанде ин беморӣ дар кишвари мо нест, сокинони ҷумҳурӣ бояд бепарво набошанд, ба фориғболӣ роҳ надиҳанд ва ин масъаларо ҳазл нашуморанд. Баръакс, бояд ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва маслиҳату тавсияи мутахассисону табибонро риоя намоянд,-чунин таъкид намуданд дирӯз, 21 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон сохтанд, «онҳое, ки аз кишварҳои хориҷӣ меоянд, бояд ҳатман зери назорати табибон қарор дода шаванд.Чунин шахсон бояд фикри аъзои оила, хешовандон ва ҷомеаро кунанд».
То имрӯз 60 фоизи аҳолӣ эм карда шудааст ва зарур аст, ки раванди эмгузаронӣ боз ҳам вусъат дода шавад, зеро ягона роҳи муассири эмин мондан аз ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 10 декабри соли равон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ситоди мазкур ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки то ҳол бемории сироятии COVID-19 дар дунё бо суръат паҳн гашта, навъҳои гуногуни он ба қайд гирифта мешавад. Омикрон низ яке аз навъҳои бемории сирояти COVID-19 мебошад. Вобаста ба ин аз ҳар як сокини мамлакат, гузаронидани ваксина, риоя намудани тавсияи мутахассисони соҳа, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар маводҳои безараргардонӣ талаб карда мешавад.
Бори дигар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки танҳо бо роҳи гузаронидани ваксина ва риояи тавсияи мутахассисони соҳаи тиб имкони пешгирии бемориҳои сироятӣ вуҷуд дорад.
Вобаста ба ин Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҷоннок намудани фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар самти назорати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ аз ҷониби сокинон, гузаронидани ваксина, андешидани чораҳои қатъии пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ, ҳамчунин саривақт расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд ҷудо гардидааст қарор қабул намуд.
Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.
АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






