COVID-19. Ба Тоҷикистон беш аз як миллион воя воксина бар зидди коронавирус ворид гардид

Январь 18, 2022 11:36

ДУШАНБЕ, 18.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар чаҳорчӯби барномаи COVAX аз ширкати амрикоии «Moderna» ба Тоҷикистон миқдори зиёди ваксина ворид карда шуд. Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 17 январ зиёда аз 1 миллион вояи дору дастрас гардид. Гуфта мешавад, ки ин нахустин воридоти ваксина бар зидди COVID-19 дар соли равон ба Тоҷикистон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 аз 3 июли соли гузашта дар Тоҷикистон эмгузаронӣ бар зидди коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ гардид.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар чаҳорчӯби механизми глобалии COVAX ва ҳамчун кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон беш аз 9 миллион воя воксина бар зидди коронавирус ворид шудааст.

Дар кишвар бар зидди коронавирус бо ваксинаҳои «Sputnik V», «AstraZeneca», «CoronaVac», «Moderna» ва «Pfizer» эм мекунанд.

Мувофиқи маълумоти охирин, дар ҷумҳурӣ 68,6 фоизи аҳолии аз 18-сола боло вояи якуми ваксина ва 57 фоиз вояи дуюмро гирифтаанд.

Шумораи умумии гирифторони COVID-19 дар кишвар 17,95 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Тибқи иттилои расмӣ, аз оғози пандемия дар кишвар 124 нафар фавтидаанд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон дар бораи реваксинатсия (ваксинагузаронии такрорӣ) бар зидди COVID-19 миёни аҳолӣ хабар дода буданд.

Ҳамин тавр, аввалин нафароне, ки вояи сеюми ваксинаро мегиранд, табибон, баъдан омӯзгорон, хизматчиёни давлатӣ ва табақаҳои осебпазири аҳолӣ мебошанд.

АКСҲО: ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон

Январь 18, 2022 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад