ДАР ҶАҲОН БАР ЗИДДИ COVID-19 ЗИЁДА АЗ 10 МИЛЛИАРД ВАКСИНА ГУЗАРОНИДАНД. То имрӯз чанд шаҳрванди Тоҷикистон ваксина гирифтаанд?
ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди эмгузаронӣ бар зидди коронавирус дар ҷаҳон аз 10 миллиард гузашт. Нисфи бештари он ба се кишвар – Чин (2,98 миллиард), Ҳиндустон (1,67 миллиард) ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (0,54 миллиард) рост меояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба изҳороти расмии мақомот ва оморе, ки ВАО пешниҳод мекунад, хабар медиҳад.
Дар айни ҳол ба сокинони сайёра 10,003 миллиард воя ваксинаҳои коронавирус ворид карда шудаанд. Муайян кардан ғайриимкон аст, ки чанд нафар дар сайёра даври пурраи ваксинагузарониро гузаштаанд, зеро бисёр кишварҳо танҳо дар бораи миқдори тасдиқшудаи гувоҳномаҳо ва ваксинаҳои ковидӣ гузориш медиҳанд. Дар баробари ин дар якчанд давлатҳо раванди реваксинатсия идома дорад.
Суръати ваксинакунонӣ дар ҷаҳон боз коҳиш ёфт: охирин миллиарди эмкунӣ 30 рӯз пештар анҷом дода шуд, дар ҳоле ки давраи қаблӣ дар 24 рӯз поён ёфта буд.
Дар шаш давлат — Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Малдив, Куба, Португалия, Камбоҷа ва Сингапур — беш аз 90% сокиноне эм карда шуданд, ки ба онҳо эмкунӣ иҷозат дода шудааст. Ба кишварҳое, ки беш аз 80% аҳолиашон аллакай ваксина гирифтаанд, Малта, Чин, Бруней, Чили, Ҷумҳурии Корея, Испания, Аргентина, Италия, Канада, Қатар, Австралия, Дания, Исландия, Эквадор, Баҳрайн, Япония, Ветнам ва Уругвай дохил мешаванд.
Дар Русия тибқи маълумоти ситоди фаврии федералии мубориза бо коронавирус, аллакай беш аз 78 миллион даври пурраи эмкунӣ бар зидди коронавирус гузаронида шудааст. Дар ҳамин ҳол, масунияти дастҷамъӣ дар кишвар рӯзҳои охир коҳиш ёфта, 64,2%-ро ташкил додааст, хабар медиҳад ТАСС.
То ҳолати 20 январ 4 миллиону 355 ҳазору 582 нафар ё 75,6 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон бар зидди коронавирус ваксина гирифтаанд. Аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ 3 миллиону 636 ҳазору 802 нафар вояи дуюми ваксина гирифтаанд, ки ин 63,1 фоизро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 аз 3 июли соли гузашта дар Тоҷикистон эмкунии зидди коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ гардидааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






