Дар Исфара ҷашни Сада — мужда аз оғози корҳои кишоварзиро бошукӯҳ таҷлил намуданд

Январь 27, 2022 11:06

ДУШАНБЕ, 27.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Дар замони истиқлолият иди Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар  радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид». Чунин изҳори назар намуд Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода зимни таҷлили ҷашни Сада ва намоиши техникаи кишоварзӣ, ниҳолу гулбуттаҳо, сабзавоту меваҳои шаҳдрез дар ноҳияи мазкур.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исфара ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар гулбоғи ба номи Сайфи Исфарангии маркази шаҳр, ки идгоҳи асосӣ буд, техникаи кишоварзӣ, ниҳолу гулбуттаҳо, сабзавоту меваҳои шаҳдрез ва тухмии зироат ба намоиш гузошта шуданд, ки ифодагари  омодагии марди деҳқон ба фасли баҳор мебошанд.

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода иброз намуд, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мешавад.

Зикр карда шуд, ки маҳсули ҳунарҳои мардумии  ба намоиш гузошташудаи намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ аз завқи баланд, маҳорати беназир ва таърихи бойи косибиву ҳунармандӣ дар Исфара дарак медод.

Сада иди мужда аз тайёрӣ ва пеша намудани корҳои нави кишоварзӣ маҳсуб мешавад. Тоҷикон,  ки аз қадимулайём мардуми кишоварз буда,  бо меҳнату заҳмати хеш маводи ғизоӣ ба даст меоварданд, аз ин рӯ аввалин тарғибкунандагони ин иди аҷдодӣ мебошанд.

Ин маросими ҷашнӣ ҳамеша ба шакли бо ҳам ҷамъ шудани мардуми шаҳр, маҳалла ва деҳот дар як ҷо ва бо оташафрӯзии бузургу суруру шодмонӣ баргузор мегардад.

Зимни таҷлили ҷашни Сада дар вазъияти тантанавӣ ба беҳтарин кишоварзону боғпарварон ва чорводорони шаҳру деҳоти Исфара Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Дар анҷом барномаи фарҳангии пурмӯҳтаво пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

АКС аз МИҲД н.Исфара

Январь 27, 2022 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад