Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши мусаввирони асрҳои 16 ва 18-и Аврупои ғарбӣ ифтитоҳ гардид

Январь 12, 2022 14:35

ДУШАНБЕ, 12.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон шоҳкориҳои мусаввирони асрҳои 16 ва 18-и Аврупои ғарбӣ, ки дар фонди осорхона нигоҳдорӣ мешаванд, манзури  тамошобинон  гардонида  шуданд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев.

Ин асарҳо марбут ба асрҳои 16 ва 18 буда, аз ҷониби рассомони машҳури кишварҳои Фаронса, Италия, Олмон ва Ҳолланд офарида шудаанд.

Асарҳои мазкур солҳои 50-уми асри 20 аз Осорхонаи давлатии ба номи А. Пушкин баҳри ғанӣ намудани фонди Осорхонаи санъати тасвирӣ, ки навбунёд буд, ба шаҳриДушанбе фиристода шуда буданд. Давоми ин муддат онҳо дар фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳифз ва баъзеи онҳо аз ҷониби мутахассисони муассиса тармим гардида, имрӯз манзури тамошобинон  гардиданд.

Дар намоиш асарҳои Дунтсе И.Б. «Яхмолакбозӣ», Швендт К. «Соҳил», Вербукҳовен Э.Ҷ. «Гӯсфандҳо», Френтсел О. «Пода дар домана», Маттиас Ш. «Дар саҳна», Иоганн Б.Л. «Симои зан», Амберг В.А. «Симои зани италиявӣ», Солие П.А. «Маҳбуб», Изер Ҳ. «Симои пирамарди номанавис», Жан-Лоран М. «Симои рассом Виолэ», Беллини Ҷ. «Азодорӣ» (нусхаи Лохов Н.Н.), Рафаэл С. «Олиҳа бо ниқоби тӯрин» (Хоби Исо) нусха, Эйферт В.А. «Манзара бо ғарамзор», Пик А. «Осиёб», инчунин аз муаллифони номаълум «Симои зан», «Эрот бо кабӯтарон», «Мубаллиғон» ва «Натюморт» пешниҳоди тамошобинон гардонида шудаанд.

Намоиши мазкур ба тамошобинон имкон медиҳад, ки бо шоҳкориҳои мусаввирони асрҳои 16 ва 18-и Аврупои ғарбӣ аз наздик шинос шуда, тавассути тамошои асарҳои офаридаи онҳо ҷаҳони маънавии худро ғанӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки намоиши мазкур   то 28 феврал идома меёбад.

АКСҲО аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Январь 12, 2022 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд