Сомон ва Комроншоҳ дар аввалин мусобиқаи дзюдо ширкат мекунанд

Январь 27, 2022 11:27

ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаҳои ҷаҳонӣ оид ба дзюдо дар соли 2022 аз «Grand Prix Portugal 2022» оғоз мегарданд. Ин мусобиқаи байналмилалӣ 28-30 январ дар шаҳри Алмадаи Португалия ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар «Grand Prix Portugal 2022» Тоҷикистонро ду нафар – Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг ва Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг – намояндагӣ мекунанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF), дар аввалин мусобиқаи сол иштироки 334 варзишгар (194 мард, 140 зан) аз 44 давлат дар назар аст. Варзишгарон дар 7 вазн миёни мардҳо ва 7 вазн миёни бонувон давоми се рӯз гӯштин мегиранд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мегарданд: ҷои аввал – 3000 евро, ҷои дуюм – 2000 евро, ду ҷои сеюм – 1000-евроӣ.

АКС: КМО Тоҷикистон

Январь 27, 2022 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд