Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва СММ дар самтҳои авлавиятнок баррасӣ гардид

Февраль 22, 2022 08:34

ДУШАНБЕ, 22.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 феврал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо директори минтақавии Дафтари ҳамоҳангсози рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Гви-Йоп Сон  мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ, аз ҷумла мавзӯоти марбут ба ислоҳоти СММ оид ба рушди устувор ва фаъолияти намояндагиҳои СММ дар ин самт ва самтҳои дигари авлавиятнокро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бояд зикр намуд, ки татбиқи ҷанбаҳои иқтисодӣ ва гуманитарии ҳамкории СММ бо Ҳукумати Тоҷикистон, пеш аз ҳама, тавассути Намояндагии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон сурат мегирад. Намояндагии БРСММ моҳи декабри соли 1993 таъсис дода шуда, ҳамон сол Созишномаи кишварӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва БРСММ, ки барои фаъолияти созмон асоси ҳуқуқӣ бунёд намуд, ба имзо расид. Дар ибтидо Созишномаи сиғавӣ барои давраи солҳои 1999-2000 тасдиқ шуда буд, пас аз он то охири соли 2004 тамдид шуд, баъдан марҳилаи гузаштаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистону БРСММ бо Барномаи нави кишварии БРСММ барои солҳои 2005-2009 муайян шуд, ки ҷузви асосии Консепсия оид ба расонидани кумак дар рушди Тоҷикистон буд.

Воқеан, дар ҳама зинаҳо масъулияти БРСММ ва дигар сохторҳои СММ эҳсос карда мешавад, ки барои ноил шудан ба афзалияти стратегии асосии кишвар равона шудааст. Ин афзалият дар ду санади муҳими аз ҷониби СММ ва БРСММ қабулшуда инъикос ёфтааст, ки Барномаи чаҳорчўбаи СММ оид ба рушд барои солҳои 2016-2020 (UNDAF) ва Барномаи кишварии БРССМ барои солҳои 2016-2020 мебошанд.

Барномаи UNDAF барои солҳои 2016-2020 дар чаҳор самти стратегӣ гурўҳбандӣ шудааст. Ҳадафи асосии барнома ба даст овардани сатҳи баланди рушди иҷтимоиву иқтисодии мардуми кишвар мебошад. Дар асоси стратегияи мазкур пешниҳодоти зайл пешбинӣ шудаанд: тағйирот дар сохтори иҷтимоии кишвар ба манфиати табақаи миёна, паст кардани тафовути иқтисодии аҳолӣ, ба роҳ мондани рушди инноватсионӣ дар асоси рушди муосири илмию техникӣ, дуруст ба роҳ мондани таъминоти захираҳои энергетикии кишвар дар дохил ва беруни кишвар, таъсиси шабакаи васеи нақлиёт, аз ҷумла рушди долони нақлиётӣ байни минтақаҳо, рушди фазоии Тоҷикистон дар асоси ташаккули марказҳои минтақавӣ ва паст кардани нобаробарии минтақавӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди инсонӣ ва ғайра.

Ҳамзамон  БРСММ дар таҳкими иқтидору захираҳо ва васеъ намудани имконияти кишвар бобати ноил шудан ба ҳадафҳои рушд дар доираи уҳдадориҳои байналмилалӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, ба монанди Эъломия оид ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, инчунин Стратегияи миллии рушди ҶТ ва барномаҳои миёнамуҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши арзанда дорад.

Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу мебошад.

 

АКС: ВКХ Тоҷикистон

Февраль 22, 2022 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд