Хуршед Каримзода: Соли 2021 содироти мол аз Тоҷикистон ба Қазоқистон, Чин, Русия, Туркия ва Афғонистон афзоиш ёфт

Февраль 2, 2022 13:50

ДУШАНБЕ, 02.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соле, ки сипарӣ гардид, Тоҷикистон бо зиёда аз 120 кишвари ҷаҳон табодули мол анҷом додааст.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ Хуршед  Каримзода 2 феврал бо натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон дар соли сипаришуда зимни нишасти матбуотӣ  ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ гуфт, ки  дар содироти  молҳои ватанӣ  вазни қиёсии асосиро  маъданҳо ва консентратҳо 19,2 фоиз ё  беш аз 343 миллион доллар,  алюминий 7,6 фоиз ё 135 миллион доллар, нахи пахта 11,3 фоиз ё 202,6 миллион доллар, семент 2,6 фоиз ё зиёда аз 46  миллион доллар, ресмони пахтагӣ  2,9 фоиз  ё 51,9 миллион доллар  ва маҳсулоти меваю сабзавот  2 фоиз ё 36 миллион доллар ташкил медиҳанд.

Хуршед Каримзода афзуд, ки аз ҳаҷми умумии содирот 32 фоиз ё 572 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи наздик ва 68 фоиз  ё 1 214,7 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд. Ҳаҷми асосии содироти мол бо давлатҳои Қазоқистон- 20,2 фоиз, Туркия- 13 фоиз, Чин- 8,9 фоиз,  Узбекистон- 7,1 фоиз, Белгия- 5 фоиз, Афғонистон- 4,6 фоиз ва Русия- 4,1 фоизро ташкил медиҳад.

Соли 2021 нисбат ба соли 2020 содироти мол ба кишварҳои Италия 4,9 миллион доллар, Қирғизистон 4,2 миллион доллар коҳиш ёфта, ин нишондиҳанда нисбат ба кишварҳои Қазоқистон ба андозаи 134,4 миллион доллар, Чин 125,2 миллион доллар, Узбекистон 44,3 миллион  доллар, Русия 31,5 миллион доллар, Туркия 29,2 миллион доллар ва Афғонистон 13,2 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

      АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2022 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд