РАВНАҚИ БЕСОБИҚАИ СОХТУ СОЗ. Дар Тоҷикистон дар масоҳати умумии беш аз 1 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ бунёд шудаанд
ДУШАНБЕ, 04.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоҳати умумии 1 миллиону 430 ҳазору 300 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Чунин равнақи сохту соз дар кишвари мо бесобиқа арзёбӣ мегардад. Дар айни замон аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳия пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд ва мавриди амал қарор доранд.
Дар ин бора имрӯз Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба иттилои Маҳмадсаид Зувайдзода, соли 2021 сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи 14 миллиарду 757 миллиону 200 ҳазор сомонӣ истифода шудааст.
Зимни нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятнок ва дурнамои рушди соҳа, танзими давлатии фаъолияти шаҳрсозӣ тавассути татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва амалӣ намудани идоракунии давлатии фаъолияти шаҳрсозӣ аз ҳисоби мутахассисони ботаҷриба барои таҳияи “Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” гурўҳи корӣ таъсис дода шуда, лоиҳаи Стратегия омода карда шуд ва пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳо ва дигар мақомоти дахлдор барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Дар Стратегия ҳадафҳои асосии рушди соҳаи сохтмон бо усулҳои муосири идоракунӣ, ташкили соҳаи самаранок, рақобатпазир ва дорои иқтидори муштараки рушдёфта пешбинӣ шудааст, ки метавонад рушди устувори сатҳи бароҳатӣ ва муҳити бехатари зиндагӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, ҷалби сармоягузории лоиҳаҳо ва татбиқи ҳалҳои инноватсиониро таъмин намояд.
Зикр гардид, ки Кумита вобаста ба татбиқи лоиҳаи сохтмони биноҳои нави Парлумону Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дар ин самт дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор чораҷўӣ намуда, дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур идома доранд.
АКС: АМИТ “Ховар”








Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор 103 фоиз иҷро гардид
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Абебе Адугна ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир намуданд
Самтҳои афзалиятноки татбиқи марҳилаи нави Барномаи БОМКА-11 баррасӣ шуданд
РУШДИ САНОАТ. Давоми се моҳ дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ тақвият меёбад
Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,9 миллиард сомонӣ расид






