Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қариб 600 нафар шаҳрвандони Афғонистонро ба таҳсил фаро гирифтааст

Февраль 5, 2022 11:10

ДУШАНБЕ, 05.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии «Сомониён»-и  шаҳри Душанбе 380 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамчунин 315 нафар  шаҳрвандони ин кишвар дар 25 муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон таҳсили худро идома дода истодаанд. Чунин изҳори назар намуд Вазири мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода зимни нишасти матбуотии ниҳодаш ба  хабарнигорони воситаҳои ахбори омма.

«Аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳои таҳсилотӣ ҳамеша ин хонандагону донишҷӯён гарм истиқбол гирифта мешаванд ва мо онҳоро дастгирӣ дорем. Ҳамарӯза на камтар аз 5-6 нафар шаҳрвандони ин кишвар доир ба масъалаи ҷойи зист, пардохти шартномаи донишгоҳ,  бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо муроҷиат менамоянд ва мо дар доираи имконият ба онҳо кумак мерасонем»,- иброз дошт Муҳаммадюсуф Имомзода.

Ғайр аз шаҳри Душанбе ҳамчунин дар шаҳрҳои Бохтар, Ваҳдат, Ҳисор, Хоруғ, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷаббор Расулов шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, гуфта шуд дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.

«Бо пешниҳоди Вазорати маориф ва дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар он мактабҳое, ки шаҳрвандони ин кишвар таҳсил мекунанд, созмони мазкур кумак расонида истодааст»,-иттилоъ дод Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ.

Дар мавриди  ба кор қабул кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии  Афғонистон хусусан ба ҳайси омӯзгори забони хориҷӣ Вазири маориф ва илми мамлакат гуфт, ки агар онҳо ҳуҷҷати расмӣ дошта бошанд, яъне хатмкардаи донишгоҳ бошанд, ҳатман ба кор қабул карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2021 аз ҷониби Созмони «Spirit of America» дар шарикӣ бо Сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои фаъолияти мактаби афғонии «Сомониён» дар 12 моҳи оянда беш аз 80 000 доллар сармоягузорӣ гардид.

Дар натиҷаи ин маблағгузорӣ дари ин муассисаи таълимӣ барои донишомӯзон аз ҷомеаи паноҳандагони афғони муқимӣ дар Тоҷикистон боз карда шудааст.

Мактаби «Сомониён», воқеъ дар шаҳри Душанбе соли 2000 аз ҷониби Вазорати маорифи Афғонистон таъсис ёфта, дар он хонандагони аз синни томактабӣ то синфи 11 таҳсил мекунанд. Ин ягона мактаб дар Тоҷикистон аст, ки барномаҳои таълимии Афғонистонро бо забони тоҷикии дарӣ пешниҳод мекунад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2022 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд