28 нафар хонандагони тоҷик ба олимпиадаи «ISTEM» роҳхат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 48 нафар толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд 28 нафари он ба даври финалии олимпиадаи бонуфузи «ISTEM», ки 19-24 июли соли равон дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд, иттилоъ дод корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар».
Ёдовар мешавем, ки даҳаи дуюми моҳи феврали соли равон даври муқаддамотии олимпиадаи бонуфузи «ISTEM» тариқи фосилавӣ аз фанни математика бо забони англисӣ баргузор гардид, ки дар он 48 нафар толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Ҳафтаи ҷорӣ аз ҷониби кумитаи тадорукоти озмун натиҷаи бадастовардаи хонандагони болаёқат расман эълон гардид. Дар натиҷаи ҷамъбасти даври муқадамотӣ ба 28 нафар хонандагони ин боргоҳи таълимӣ муяссар гардид, ки ба даври финалии озмун, ки 19-24 июли соли равон дар шаҳри Франкфурти кишвари Олмон баргузор мегардад, роҳхат гиранд. Дар ин олимпиадаи бонуфуз беш аз 8000 нафар хонандагон аз 96 давлати дунё иштирок меварзанд.
Ба иттилои маъмурияти Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд, дар соли хониши 2021-2022 хонандагони литсей бори сеюм аст, ки тариқи ҳузурӣ дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ иштирок мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки баъд аз беҳтар шудани вазъи пандемия нахустин бор хонандагони Литсей тариқи ҳузурӣ дар олимпиадаи ҷаҳонии «Дониш»- и Туркия иштирок намуда, бо ба даст овардани 100 хол аз 100 холи имконпазир рекорди олимпиадаи мазкурро гузоштанд.
Моҳи январи имсол дар олимпиадаи «Коперникус» дар шаҳри Техаси кишвари Амрико 6 нафар хонандагони Литсей ҳузурӣ иштирок намуда, ҷоми даставиро аз фанни физика ба даст оварда, соҳиби 6 медали нуқра ва биринҷӣ гардида буданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд








Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд






