«ҲАМА ҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ…». Дар Хоруғ ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 март дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Хоруғ баргузор гардид, ки дар он Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва дигар намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.
Дар оғози чорабинӣ ҳайати расми аз намоишгоҳи соҳаи кишоварзии вилоят дидан намуда ба ташкилкунандагони намоишгоҳи мазкур баҳои баланд доданд. Баъд аз ҷамъбасти намоиш меҳмонон дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот сокинони вилоят ва меҳмононро ба муносибати рӯзи Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният гуфта зикр кард, ки дар ин иди баҳорон сокиноне, ки дар ободонии Ватан саҳми худро пайваста мегузоранд, муборакбодии беандоза, умри дароз, саломатии комил, хушҳолии беканор ва баракати зиёди зиндагӣ насибашон бошад.
Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон иштирок намуда сокинони вилоятро бо ин рузи саид аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Ӯ афзуд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо эҳёи анъанаҳои ниёгон ва дар маҷмӯъ, масъалаи маънавиёт ҳамеша дар мақоми аввал қарор дошта, таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои ватандӯстона таҳаввулоти маданӣ амалӣ гардида, имкон оварда шуд, ки дар Тоҷикистон гузариши амиқи иҷтимоиву маданӣ ва баромадан ба зинаи нав дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт таъмин гардад.
Ёдовар мешавем, ки дар дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ тантанаҳои наврӯзӣ ҷараён гирифта, бо шукуҳу шаҳомат ва бо оростани дастархони идонаи «ҳафт син» ва «ҳафт шин» ин иди аҷдодиро таҷлил намуданд.
Аксҳо: МИҲД-и ВМКБ











ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид






