Дар Душанбе маҳфили шеъру суруд таҳти унвони «Хонадони Абдулло Назрӣ» доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 4 март бахшида ба 25- солагии Ваҳдати миллӣ ва идҳои зебои баҳорӣ дар Кохи «Суруш»-и шаҳри Душанбе бо иштироки ҳунармандон аз оилаи Назриевҳо маҳфили шеъру суруд таҳти унвони «Хонадони Абдулло Назрӣ» баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, қабл аз оғози маҳфили идона ба ҳозирин ҳаёту фаъолияти шодравон Абдулло Назрӣ ва пайравонаш рӯнамоӣ гардид.
Дар шоми идона Исмоил, Давлат, Соҳиб ва Умед Назриевҳо бо шогирдонашон ба таври зинда ва бо асбобҳои миллии тоҷикӣ 18 сурудро дар сатҳи баланд иҷро намуданд, ки бештари онҳо сурудҳои нав буданд. Ин ҳунармандон сурудҳои шодравон Абдулло Назриро низ сароида, хотири иштирокдорони маҳфилро болида гардониданд.
Дар идомаи маҳфил барои саҳми муносиб гузоштан дар ташвиқу тарғиби санъату ҳунари миллӣ ва ҳадафҳои иттифоқҳои касаба устоди санъат Исмоил Назрӣ бо «Ифтихорнома” ва ҳунармандони шинохта Давлат ва Соҳиб Назрӣ бо “Сипоснома”-и Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Абдуллоҳи Назрӣ 20 сентябри соли 1930 дар ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст ва ӯ аз пайравони мактаби хонандагии Акашариф Ҷӯраев маҳсуб буд. Номбурда соли 1954 аз Дарвоз ба шаҳри Душанбе (он замон Сталинобод) даъват шуд ва ҳамагӣ 3 сол баъд, дар синни хеле ҷавони 27-солагӣ сазовори унвони фахрии Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон шуд. Яккахони ансамбли тарона ва рақси Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1946-1964), яккахони коллективҳои мусиқии Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ, аз ҷумла ансамбли шуҳратёри «Шашмақом» (аз 1965) буд ва то охири ҳаёт фаъолият дошт.
АКС аз манбаъҳои озод








ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид






