Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ниҳолхона ташкил гардид
Ш.Шоҳин 06.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади васеъ намудани майдони ҷангалзор ва барқарорсозии қитъаҳои хушкгардидаи ҷангал дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали «Шӯрообод»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ниҳолхона ташкил гардид, ки дар он намудҳои гуногуни дарахтони ороишию сояафкан ва мевадиҳандаро парвариш менамоянд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Муҳандиси ҳифзи ҷангал Маҳмадулло Боронов дар ин маврид иттиллоъ дод, ки айни замон дар ниҳолхонаи мазкур 4 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда ва 3 ҳазор бех ниҳолҳои ороишию сояафкан барои кўчонидан омодаанд.
Ниҳолҳои омодашуда себ, зардолу, олу, чормағз, олучаю хуч мебошанд. Бештари ин ноҳолҳоро барои ҳосили хуб додан пайванд кардаанд ва онҳо ба шароити иқлими минтақа мутобиқ мебошанд. Дар хоҷагии ҷангал ба парвариши ниҳолҳои ороишию сояафкан низ диққати махсус дода мешавад.
Роҳбарияти хоҷагӣ вобаста ба серталаб будани меваи хуч ният доранд, ки майдони хучзорро васеъ намоянд. Вобаста ба ин дар хоҷагӣ парвариш ва бунёди хучзор ба нақша гирифта шуда, дар як қитъаи ниҳолхона парвариши қаламчаҳои навъи беҳтарини хуч ба роҳ монда шудааст.
Гуфта мешавад, ки бо каме гарм шудани ҳаво кормандони муассисаи хоҷагии ҷангал мақсад доранд бунёду барқарорсозии ҷангалзор ва дар қитъаи алоҳида васеъ намудани майдони хучзорро оғоз намоянд.
АКС аз бойгонӣ








СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд






