Маркази тадқиқоти Аврупо ва Осиёи Русия бо ниҳодҳои бонуфузи зеҳнии Тоҷикистон ҳамкории илмию пажӯҳиширо ба роҳ мемонад

Март 5, 2022 10:28

ДУШАНБЕ, 05.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 март директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо директори Маркази тадқиқоти Аврупо ва Осиёи Федератсияи Русия дар шаҳри Екатеринбург Андрей Русаков мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд, Хайриддин Усмонзода доир ба самтҳои асосии фаъолияти Марказ маълумоти мухтасар ироа намуда, иброз дошт, ки пешбурди робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии дигар кишварҳо ва бунёдҳои шарик яке аз авлавиятҳои асосӣ дар фаъолияти ин ниҳоди муҳимми давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Андрей Русаков дар бораи барномаи омӯзишӣ-пажӯҳишии Маркази тадқиқоти Аврупо ва Осиё маълумот дода, таъкид намуд, ки дар марҳалаи кунунӣ яке аз ҳадафҳои муҳим пешбурди робитаҳои омӯзишӣ бо Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

«Дар робита ба ин Марказ мақсад дорад, ки бо ниҳодҳои бонуфузи зеҳнии Тоҷикистон, махсусан Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамкории илмиву пажӯҳиширо ба роҳ монад», — тазаккур дод ӯ.

Дар ҳошияи мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами минтақа, махсусан дурнамои вазъ дар Афғонистон ва таъсири он ба равандҳои амниятии давлатҳои Осиёи Марказиро баррасӣ ва арзёбӣ намуданд.

 

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ

Март 5, 2022 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд