Намояндаи махсуси ИА Тери Ҳакала: Тоҷикистон яке аз шарикони боэътимод дар Осиёи Марказист
ДУШАНБЕ, 02.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Тери Ҳакала меҳмон Тоҷикистонро яке аз шарикони боэътимод дар Осиёи Марказӣ дониста, иброз дошт, ки қариб 30 сол мешавад миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун ба роҳ монда шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Раҷаббой Аҳмадзода иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо Иттиҳоди Аврупо ҳамкории густарда ба роҳ монда, миёни сохторҳои Тоҷикистон ва ин ташкилоти байналмилалӣ робитаҳои гуногунҷанба мавҷуданд. Дар мамлакат ба соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат эълон шудаанд.
«Дар ин самт вилояти Суғд ҳавасманд аст, ки ҳамкориро бо ташкилоти байналмилалӣ ва сармоягузорони хориҷӣ тақвият бахшида, бо истифода аз имконоти мавҷуда корхонаҳои нави саноатӣ бунёд, аҳолиро бо ҷойи кор таъмин ва сатҳи зиндагии мардумро боз ҳам беҳтар намояд», — гуфт раиси вилоят.
Ҳамзамон ҷонибҳо аз тақвияти равобит ва татбиқи лоиҳаҳо дар самти бунёди иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, соҳибкасб намудани калонсолон, таъмини дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ ва оби полезӣ, воридсозии технологияҳои нав изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои нав иброз доштанд.
АКС: хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд








Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст






