Пагоҳ дар Амфитеатри Кӯлоб бахшида ба ҷашни Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад

Март 22, 2022 10:47

ДУШАНБЕ, 22.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 23 март дар Амфитеатри шаҳри Кӯлоб  бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барномаи фарҳангӣ доир мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Дар ин барномаҳои фарҳангӣ устодони санъати тоҷик, аз  ҷумла  Гулчеҳра Содиқова, Давлатманд Холов, Ҷовидони Нозим, Амриддин Кабирӣ,  Соҳиба Давлатшоева, ва ҳунармандони шинохта  Маҳмадалӣ Аюбӣ, Хиробон Қурбонова, Нишонаи Рустам, Ҳасаншои Бадахшонӣ ва  дигарон ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мардум фарорасии Наврӯзи байналмилалиро  бо шукӯҳи хосса  ҷашн гирифта истодаанд. Аз ҷумла дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ба ин муносибат сайру гашти оммавии сокинон  ба мушоҳида мерасад. Имрӯз сокинони ноҳияи Фирдавсӣ дар Боғу фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ базми боҳашамати наврӯзӣ оростанд.

Хотиррасон менамоем, ки 23 март сокинони ноҳияи Сино дар майдони Синои пойтахт (назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва 24 март сокинони ноҳияи Шоҳмансур бо оростани базми наврӯзӣ дар Боғи Куруши Кабир (назди Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) оғози Соли нав — Наврӯзи дилафрӯзро ботантана таҷлил менамоянд. Дар ин базмҳои наврӯзӣ    аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори  ҷашни фархундаи байналмилалии Наврӯз барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор намуда истодаанд.

 

 Акс: манбаҳои озод

Март 22, 2022 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд