«ШЕЪР КАЛИДЕСТ БА ОЛАМИ МАФТУНКУНАНДАИ ИНСОНИЯТ». Эҳдо ба Рӯзи умумиҷаҳонии назм

Март 21, 2022 10:03

ДУШАНБЕ, 21.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 21 март бо қарори ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид-ЮНЕСКО дар саросари олам Рӯзи умумиҷаҳонии шеър (назм) таҷлил карда мешавад. Ҳадафи ин ид, чунон ки дар қарори мазкур таъкид шудааст, бахшидани набз ва эътирофи нав ба ҳаракатҳои шоиронаи байналмилалӣ ва музофотӣ” мебошад. Дар қарори мазкури ЮНЕСКО омадааст, ки «шеър метавонад посух ба ҳама масъалаҳои тезу тунд ва амиқи рӯҳонии инсони муосир бошад. Аммо барои ин зарур аст, ки таваҷҷуҳи ҳарчи бештару васеътари ҷомеа ба он нигаронида шавад».

«Хеле ҷолиб ва рамзист, ки  Рӯзи умумиҷаҳонии шеър маҳз ба 21 март, яъне рӯзи бузургтарин ва шоиронатарин ҷашни миллии мо- Наврӯзи Аҷам рост омадааст. Ин ду сана бо ҳам тавъаманд ва ҳамдигарро комил мекунанд, зеро Наврӯз бе шеър ва шеър бе Наврӯз вуҷуд надорад. Зеро Тоҷикистон ватани шеъру суруд, Тоҷикистон ватани Наврӯз аст!»,-мегӯяд Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО.

Бино ба суханони шоир, дар замони мо, дар асри 21, асри тазодҳо ва бархӯрдҳои  шигифтангези ғояҳои мухталиф, асри пешрафти илмҳои нави бесобиқа, аз ҷумла электроникаву кибернетикаву ғайраву ғайраҳо аз нав рӯ овардан ба шеър, ки яке аз куҳантарин воситаи таъсир ба рӯҳия ва ҷаҳонбинии одамон, василаи тарбия ва маърифатнокшавии онҳост, гувоҳи он аст, ки таъсири муассир ва нақши бузурги худро аз даст надодааст, балки шояд имрӯз барои таъсиргузорӣ ба рӯҳияи одамҳо тавони аз пештара ҳам бештар пайдо намудааст.

«Шеър калидест ба олами мафтункунандаи инсоният», — мегӯяд шоир.

Ба ақидаи Камол Насрулло, шеър аст, ки моро рӯ ба рӯ ва танҳо ба танҳо бо худамон, бо эҳсосот ва виҷдонамон мегузорад. Дилу ақли моро раҳнамоӣ мекунад.

«Дар ҳассостарину тақдирсозтарин лаҳзаҳо шеъри шоир раҳнамои ҷомеа гардидааст. Суруди “Марселёза”-и фаронсавиён ва ё “Марши ҳуррият”-и худамонро бар матни устодро Айнӣ ба ёд оред. Ба ёд оред, шеъру достонҳои шоири барҷастаи инқилобӣ Владимир Маяковскийро, ки дар замони бунёди ҷомеаи нави сотсиалистӣ дар дунё чӣ қадар нақши бузург ва таъсири амиқ ба рӯҳияи миллионҳо инсонҳо гузоштанд ва кореро карданд, ки шояд даҳҳо дастгоҳи тарғиботӣ наметавонистанд иҷро кунанд», — иброз дошт Камол Насрулло.

Ба қавли ӯ,  дар чунин мавридҳои ҳассос шеър ба дарди замону одамон мерасад ва парчами муборизаву озодихоҳӣ низ метавонад бошад. «Шеъри баланд, шеъри асил метавонад асрҳои аср вирди забони одамон бошаду онҳоро дар зиндагонӣ раҳнамоӣ кунад», —  мегӯяд Камол Насрулло.

Ҳамин чаҳор мисраъ рубоии Одамушшуаро, устод Рӯдакӣ равшантарин далели он метавонад бошад:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ!
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ!
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!

 

Бубинед, баъди ҳазору анд сол ин мисраъҳо ягон зарра аҳамияти худро гум накардаанд. Онҳо асрҳои аср вирди забони одамон буданд, ба ҷомеа хизмат мекарданд ва имрӯз ҳам аҳамияти худ, таъсири худро аз даст надодаанд. Ва аминам, фардо ҳам чунин хоҳанд буд ва ҳаргиз кӯҳнагӣ нахоҳанд дошт, тозаву имрӯзӣ хоҳанд монд .

Ин аст эъҷози шеър ва далели он ки шеър нуқтаи баланди андешаест, ки дар он тамоми армонҳои инсонҳои ҳар давру замон ҳамеша ҷилвагар хоҳад монд.

Ё гирем, “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фидавсиро, ки беҳтарин ҳуҷҷати ватандорӣ, каҳрамонӣ, пирӯзиҳои инсонӣ, беҳтарин мактаби худшиносиву инсоншиносӣ будаасту хоҳад буд.

Шеъри баланди шоири баланд метавонад халқҳо, қитъаҳоро ба ҳам орад. Бубинед, шеъру достонҳои устод Мирзо Турсунзода, Қаҳрамони Тоҷикистон чӣ қадар нақши бузург бозиданд дар тарғиби ғояҳои сулҳу дӯстӣ, дар баҳамоии халқҳои мазлуми Шарқ. Садои Мирзо Турсунзода дар шеъри ӯ садои қитъаҳо, садои Осиёву Африқо гардид ва бо забони шеъри пурэҳсосу сулҳҷӯёнаи ӯ ин қитъаҳо ба забон омаданд:

Осиё, гӯяд сухан, овози онро бишнавед,
Мавҷи дарё, ғурриши баҳри дамонро бишнавед!


Дар ин радиф метавон аз шеърҳои Пабло Неруда, Нозим Ҳикмат ва чандин шоирони дигар, ки аз Амрикои Лотин то Шарқу Ғарб шиори озодипарастон, раҳнамои сулҳу дӯстиву бародарӣ ва барандаи ғояҳои баланди инсоният гардиданду таъсири амиқи худро ба рӯҳияи инсонҳо гузоштанд, далелҳо овард.

Шеър, агар тасвирнок карда гӯем, худ як кишвар, як сарзаминест, ки дар он тамоми қавму миллатҳо бо дарду ниёз ва армонҳои башарии худ бо ҳам меоянду муттакои ҳамдигар мегарданд. Як шеъри баланди хайрхоҳонаву некбинона, ҳатто ошиқона, метавонад инсонҳоро аз қитъаҳои дури олам ба ҳам васл гардонад. Ҳатто имрӯз ҳам дар замони ҷудоиҳову хилофҳову бархӯрдҳои сиёсиву иҷтимоӣ як суруд метавонад аз забони ҳар ду тараф, манзур тарафҳои мухолиф, баробар суруда шавад. Ин далелест, ки қимати шеър аҳамияти фавқулодаи онро баръало нишон медиҳад.

Дур намеравем, мо худамон шоҳидем, ки дар оғози даврони Истиқлолияти давлатӣ гирифтани кишвари азизамон шеър чӣ нақши боризе дошт дар шинохти ҳувият, худшиносӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, дар тарғибу ситоиши ягонагиву гиромидошти муқаддасоти миллӣ.

Ҳамин нақши боризу дурахшони шеър дар ҷомеа буд, ки Рӯзи умумиҷаҳонии шеър бо қарори Иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ташкилоти СММ- ЮНЕСКО аз 15 ноябри соли 1999 қабул гардид. Ташаббуси аввали таъсиси расмии Рӯзи умумиҷаҳонии шеър ба поёни солҳои 30 дахл дорад. Бо ташаббуси шоира Тесси Сузӣ Уэбб дар зодрӯзи шоири Рими қадим Вергилия ин рӯз, яъне Рӯзи шеър эълон карда шуд. Ин рӯз аз ҷониби 38 иёлоти ИМА ва ҳамчунин кишвари Мексика то соли 1938 ҳамчун Иди миллии шеър эътироф ва таҷлил карда мешуд. Сипас ин рӯз дар дигар мамлакатҳо ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии шеър эътироф гардид.

Бо пешниҳоди кишвари Марокаш кумитаи иҷроияи Ассамблеяи ЮНЕСКО соли 1998 масъалаи таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии шеърро мавриди назар қарор дода, гузаронидани онро дар кишварҳои гуногун тасвия дод. Чунин шуд,ки аввалин рӯзҳои шеър ҳанӯз то эълони расмии Юнеско барпо гардиданд. Дар Париж, Москва, Брюссел ва чандин шаҳрҳои дигари дунё аввалин Рӯзи шеър 21 марти соли 1999 барпо гардид.

Ва ин суханони Ирина Бокова – директори генералии ЮНЕСКО “Шеър калидест ба олами мафтункунандаи инсоният” дар Париж, шаҳри идораи ЮНЕСКО, дар аввалин тантанаи расмии Рӯзи умумиҷаҳонии шеър садо доданд.

Оре, таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии шеър таваҷҷуҳи моро ба эъҷози сухан, ба таъсири сеҳрноки каломи бадеъ, ки дар вуҷуди инсонҳо самимитарин эҳсосоту муҳаббат ва истеъдоду қобилияти эҷоди каломи бадеъро бедор месозанд, ҷалб менамояд. Дастгирӣ аз гуногунрангии забонҳо ва изҳори ҳавасмандӣ ба забонҳои азбайнраванда тавассути  шеър низ яке аз ҳадафҳои асосии Рӯзи умумиҷаҳонии шеър мебошад.

Ҳамчунин  Рӯзи умумиҷаҳонии шеър ба он равона шудааст, ки ба нашрияҳои кӯчак имкони зуҳури бештаре бидиҳад, зеро асосан бо кӯшишҳои онҳо эҷодиёти шоирони муосир, маҳфилҳои адабӣ, ки баранда ва нигаҳдорандаи сухани сеҳрноки шоирона ҳастанд, суннату анъанаҳои суханвариро нигоҳ медоранд.

Бо  раҳнамоии ЮНЕСКО Рӯзи умумиҷаҳонии шеър ҳамчунин ба такомулбахшии шеъри муосир, ба бозгашт ба суннатҳои лафзии шеърхонӣ, тадриси  шеър, барқарорсозии робита байни шеър ва дигар анвои фарҳанг, амсоли театр, рақс, мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва ҳамчунин мусоидат ба муносибати мусбати нашрияҳо бо шеъри асил рабт дорад.

Чунин меҳисобанд, ки аз ҳама қадимтарин шеър – сурудаҳо дар асри 23-и пеш аз мелод ба вуҷуд омадаанд, ки мансуб ба шоира — коҳина Эн – ҳеду – ана, духтари шоҳи аккад Саргон  мебошанд, ки кишвари Ур (Эрони имрӯзӣ) –ро забт карда буд. Эн-ҳеду –ана дар ситоиши Худои маҳтоб Нанна  ва духтари ӯ – ситораи субҳ Инанна таронаҳо сурудааст.

Аммо арҷгузорӣ ба шеъру сухан дар сарзамини бостонии мо решаҳои амиқтару куҳантаре доранд. Аслан, оё метавон ҳаёти инсоният ва хусусан миллати моро бидуни шеър тасаввур кард. Ҳанӯз аз тифлӣ, аз аллаҳои модар ва сипас дар тамоми маъракаву ҷашну маросиму иҷрои суннатҳои наҷиби миллиамон моро шеър раҳнамоӣ мекунад. Зиндагии бе шеър, яъне бе ҳарфҳое, ки дар онҳо умеду армонҳо, розу ниёзҳои мо баён ёфта бошанд, бе эҳсос, ҳаяҷон, муҳаббат, бо тахайюлоти рангин, ҷилои отифаҳо чӣ зиндагиест? Маҳз шеър аст, ки ин ҳамаро таҷассум дар худ мекунад, маҳз шеър аст, ки ба мо эҳсосҳои рангину ширини маънавӣ мебахшад. Шеър худаш инъикоси зебоист ва инсонро зеботар мегардонад

Дар зиндагии ҳамарӯза ва фарҳанги мардуми тоҷик шеър як узви ҳамешагӣ ва пайванд бо ҳаёти маънавии халқ аст. Беҳуда нест, ки мегӯянд халқи тоҷик табиатан шоир аст, ё коми тоҷиконро бо сухан бардоштаанд. Вожаи шеър аз оғоз пайванди қавӣ бо таъриху асотиру дини мо доштааст. Китобҳои муқаддаси гузаштагони мо, аз ҷумла “Авасто” ба тариқи таронаҳо суруда шудаанд. Ин аст, ки бузургтарин нобиғагони олами шеър дар ин сарзамини суханпарвар ба дунё омадаву падидаҳои дурахшони шеъри оламро ба вуҷуд овардаанд ва ҳатто бисёр андешаҳои илмиву фалсафиву иҷтимоии худро дар қолаби шеър ба инсоният пешкаш кардаанд.

Шеър дар рӯзгори мардуми мо на танҳо воситаи баёни армонҳо, воситаи изҳори ҳунару санъат аст, балки нақши бузурги тарбиявиву дидактикӣ низ мебозад. Яке аз воситаҳои асосии таълиму тарбия дар мактабҳо ва зиндагии хонаводагии мо низ шеър аст.

Метавон далелҳои зиёди дигареро овард, ки нақши боризи шеърро дар рӯзгори тоҷикон гувоҳанд. Баъзе аз суннатҳое, ки дар байни мардуми тоҷик аз қадимулайём то ба ҳол маҳфуз мондаанд, асос медиҳанд бигӯем, ки тоҷикон мардуме мебошанд, ки бо шеър ба дунё омадаву бо шеър онро падруд мегӯянд ва ин низ як далели зотан шоир будани халқи мост. Чунончӣ, имрӯз ҳам дар Бадахшон вақте тифл ба дунё меояд, мардум дар он хонадон ҷамъ омада, суруди “лалайик” месароянд, ки аслан ҳамон лолоии модарона аст. Ва ҳангоме  ки инсон аз дунё дармегузарад, низ мардум ӯро сурудхонон аз хона мебароранд ва ба роҳи охират гусел мекунанд, ки ин суруд “даргилик” ном дорад, яъне суруди дард аст.

Имрӯз дар замони соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардидани кишвар ва сарзамини  муқаддасамон, мо шоҳиди нақши бузурги сухан ва шеъру суруд дар ин замони тақдирсоз гардидаем. Мо мушоҳида кардаем, ки шеър ва шоир пешгоми ҳодисот ва ҷомеа дар ин замони ҳассос гардидаанд. Нақши боризи шеърро хусусан дар худшиносии миллӣ, ангезиши муҳаббату ифтихори Ватан ва ватандорӣ, шинохти ҳувияти  миллӣ, дар бунёди Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии халқи тоҷик наметавон инкор кард. Ситоиши озодиву истиқлолият, тарғиби дӯстӣ ва ягонагии инсонҳо, сурудани бунёдкориву ободкориҳо ва падидаҳои дигари дурахшони замон аз ҷониби шоирони ватандӯсти рӯз нақши муҳими худро дар маънавиёти замони нав ва тарбияи ғояҳои баланд, хусусан дар байни насли наврас мегузорад.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Март 21, 2022 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд
Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад