Соҳибкорзанони вилояти Хатлон аз Минтақаи озоди иқтисодии Суғд дидан менамоянд
ДУШАНБЕ, 03.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 4 март сафари омӯзишии занони соҳибкори вилояти Хатлон ба вилояти Суғд ҷараён мегирад, ки зимни он соҳибкорон аз Минтақаи озоди иқтисодии вилоят ва мавзею маконҳои сайёҳиву таърихӣ дидан менамоянд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.
Тавре иттилоъ дода шуд, 2 март дар доираи сафари омӯзишии занони соҳибкори вилояти Хатлон ба вилояти Суғд бо мақсади омӯзиши таҷрибаи ширкату корхонаҳо дар Палатаи савдо ва саноати вилоят вохӯрӣ доир гардид.
Зимни мулоқот раиси кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов ба меҳмонон оид ба фаъолияти Палата иброз намуд, ки «Палатаи савдо ва саноат ҳамеша мусоидати худро оид ба таъмин намудани иштироки ширкатҳои ватанӣ дар кори намоишгоҳҳои хориҷӣ барои муаррифии молу маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва аз ҷиҳати экологӣ тоза расонида, дар ин самт кор мебарад».
Дар вохӯрӣ муовини раиси кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Шараф Сангов ва сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов иштирок намуданд.
Дар мулоқот соҳибкорзанони вилояти Суғд- аъзои Палатаи савдо ва саноат, роҳбарони ҶДММ «Озара» ва ҶДММ «Мунир» иштирок намуда, оид ба фаъолият ва дастовардҳояшон ба занони соҳибкори вилояти Хатлон маълумоти муфид пешниҳод намуданд.
Бояд гуфт, ки сафари омӯзишии занони соҳибкори вилояти Хатлон ба вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи ЮСАИД «Оид ба беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон» доир гардида, дар ҷараёни он занони соҳибкори вилояти Хатлон аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», корхонаҳои «Ариана металл пласт», «Нексигол навовар», «Порсои Хуҷанд», «Меваи тиллоӣ», «Исфарафуд», «Оби Зулол» дидан менамоянд.
АКСҲО: ПСС ҶТ








Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд






