Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба мактаби №55-и шаҳри Ваҳдат мизу курсӣ тақдим намуд

Март 17, 2022 08:49

ДУШАНБЕ, 17.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. 16 март бо дастури Вазири  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 –и  шаҳри Ваҳдат мизу курсиҳои таълимӣ барои 50 ҷойи нишаст тақдим гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти  Вазорати маориф ва илми мамлакат.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, 15 март Вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода  бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия, мушкилоти муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 шаҳри Ваҳдат дидан намуд.

Вазир бо омӯзгорони муассисаи таълимӣ ҳамсуҳбат гардида, таъкид кард, ки мақсад аз ташриф ба муассиса ва суҳбати имрӯза огоҳ шудан аз вазъи соҳа, аз забони омӯзгорон шунидани проблемаву мушкилоти ҷойдошта, муайян намудани роҳҳои баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва дар ин замина ҷиҳати рушди соҳа шунидани таклифу пешниҳодҳост.


Омӯзгорони муассисаи таълимии мазкур доир ба норасоии китобҳои дарсӣ, омӯзгори фанни забони англисӣ, таъмирталаб будани муассиса, фурӯши билетҳои киною театр ва китобҳои гуногун, санҷишҳои ғайрисоҳавию ғайринақшавӣ ва ғайра таклифу пешниҳодҳо манзур намуданд.

Аз ҷумла, зимни суҳбат омӯзгорон иброз доштанд, ки яке  аз мушкилоти асосии муассисаи таълимӣ норасоии ҷойи нишаст мебошад. Бо дархости омӯзгорон ва мусоидати Вазорати маориф ва илм имрӯз ин мушкилӣ ҳалли худро ёфт. 

 

Аксҳо: маркази матбуоти  Вазорати маориф ва илми ҶТ

Март 17, 2022 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд