Қаҳрамони меҳнат Гавҳарбӣ Пиракова: «Аз кишоварзони Чин самаранок истифода бурдани заминро ёд гирем»
ДУШАНБЕ, 05.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Хонаводаи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, cокини Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ Гавҳарбӣ Пиракова солҳост, ки аз бозор маҳсулоти кишоварзӣ намехаранд. Онҳо ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигияшонро мақсаднок истифода бурда, дар он картошкаву пиёз, сабзӣ, помидору бодиринг ва дигар сабзавот парвариш менамоянд. Оилаи худро бо маҳсулоти мазкур таъмин карда, боқимондаашро ба дигарон тақсим мекунанд. Бодирингҳои дар гармхонаи онҳо парваришёфта аллакай барои чидану истеъмол кардан омода шудаанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Гавҳарбӣ Пиракова мегӯяд, ки «тамоми умри худро сарфи кор бо замин кардаам ва баракати рӯзгорро аз он ёфтаам. Беҳуда заминро ба модар шабоҳат надодаанд, чунки он моро мехӯронаду мепӯшонад. Бисёр афсӯс мехӯрам, ки баъзе одамон аз ин неъмати бебаҳо самаранок истифода намебаранд. Ақаллан дар заминҳои наздиҳавлигиашон, ки солҳо бекор хобидаанд, шибиту райҳон намекоранду барои харидани он ба бозор мераванд. Гап сари нархи он намеравад, шояд чандон қимате надошта бошад. Аммо медонед, чӣ қадар лаззат дорад чидану истеъмоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи худат парварида?! Бӯйи хушу атромези дар ҳавлӣ паҳншудаи райҳону шибитро намегӯӣ?! Чӣ қадар он табъи касро хуш мегардонад, ба кас неруи тоза мебахшад».
Гавҳарбӣ Пиракова имсол ба синни мубораки 80 қадам ниҳод, вале ҳоло ҳам бекор намешинад ва аксаран вақти худро дар замини наздиавлигӣ бо шуғле сипарӣ месозад. Ӯ солҳои зиёд дар колхози ба номи Ленини ноҳияи Восеъ, ки сарварии онро Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Миралӣ Маҳмадалиев бар уҳда дошт, сарвари бригадаи механиконидаи пахтакорӣ буд. Маҳз бар ивази меҳнати софдилона солҳои 60-ум бригадаи ӯ ба гирифтани ҳосили баланди пахта мушаврраф гардид. Бо укази Президиуми Шӯрои Олии собиқ СССР аз 3 апрели соли 1965 ба ин зани меҳнатқарин унвони ифтихории Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ бо супоридани ордени Ленин ва медали тиллои “Досу Болға”дода шуд.
«Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар вохӯрӣ бо мардум ва чанд рӯз пеш дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид намуданд, ки бар асари тағйирёбии иқлим, камобиву хушксолӣ, бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла Ковид-19 ва дигар омилҳои ба ҳамагон маълум вазъи таъминоти аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ рӯз ба рӯз мураккаб шуда истодааст. Мо худамон ҳам ин ҳолатро тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва интернетӣ мушоҳида карда истодаем. Аз ин рӯ Сарвари давлат зарур мешуморанд, ки ҳар оила мебояд захираи дусолаи маҳсулоти ғизоӣ дошта бошад. Мо бояд ин дастури Пешвои миллатро ба инобат гирифта, аз ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигӣ, ҳатто заминҳои назди ташкилоту муассисаҳо, ки бекор хобидаанд, cамаранок истифода барем», — таъкид намуд Гавҳарбӣ Пиракова.
Мавсуф ёдовар шуд, ки «гузаштагони мо кӯшиш мекарданд, ки ғалларо барои ду сол сол захира кунанд. Аз даврони кӯдакӣ ёд дорам, мо ва ҳамсояҳо кӯлӣ (ҷои махсус барои дуру дароз нигоҳ доштани ғалла) доштем. Дар он ғалла захира мекардем. Зироати донагӣ — лубиё, нахӯд, наск, зағир, мош, маъсар, кунҷит ва шолиро ҳам барои чанд сол нигоҳ медоштем. Кадбонуҳои тоҷик аз зироати донагӣ чунон хӯрокҳои бомазза мепухтанд, ки таъмашон аз ёди кас намерафт. Ҳоло кадбонуҳо аз ин маҳсулот, ки ба саломатии инсон муфид аст, кам истифода мебаранд. Шояд аз сабаби он бошад, ки пухтани он каме вақти зиёдтар талаб мекунад».
«Ман ҳамеша ба мардуми меҳнатқарини Чин аҳсан мехонам. Як бор ба заминҳои кишти онҳо, ки дар чанд минтақаи Тоҷикистон гузарониданд, назар афканед. Бубинед, як обу як ҳавою замин, аммо ҳосили рӯёндаи онҳо ҳамеша зиёд аст. Аз барномаҳои телевизионӣ ҳам мебинам, ки онҳо дар ватанашон заминҳои талу теппа, ҷойҳои душворгузарро, ки заҳмати сангин талаб менамоянд, барои кишти маҳсулоти кишоварзӣ самаранок истифода мебаранд. Дидам, ки ҳатто болои бомҳои баландошёнаро барои истеҳсоли маҳсулот истифода менамоянд. Мо бояд аз онҳо тарзи дурусти корро ёд гирем. Агар заминро дӯст дорӣ, ба қадраш бирасӣ, арақи ҷабин рехта, онро мақсаднок истифода барӣ, ҳеҷ гоҳ бенаво намемонӣ», — гуфт Гавҳарбӣ Пиракова.
Ёдовар мешавем, ки дар охири маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 март Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони Ҳукумати кишвар, ки дар чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста шуда буданд, супориш доданд, ки давоми 10 рӯз ба шаҳру ноҳияҳо рафта, оид ба сафарбар кардани мардум ба вусъати корҳои саҳроӣ, ободонӣ, бунёдкорӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ бо шаҳрвандон корбарӣ намоянд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
ДАР АКСИ БОЛО: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Гавҳарбӣ Пиракова. Аксҳо аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»/Бойгонии шахсии Г. Пиракова