Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» тағйирот ворид гардид

Апрель 30, 2022 09:42

ДУШАНБЕ, 30.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Мақсади асосии лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда аз он иборат аст, ки дар матни қонун калимаҳои «мавзеъҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ» ва «мавзеъҳо» мувофиқан ба «ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» ва «ҳудудҳо» иваз карда шаванд. Тағйироти мазкур қобили қабул мебошад, зеро мафҳуми «мавзеъ», агар як қитъаи муайянро ифода намояд, пас ифодаи «ҳудудҳо» шакли ҷамъи мавзеъҳоро дар бар мегирад.

Ин матлабро раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»  27  апрели соли равон дар  ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  даъвати шашум  баён намуд.

-Ҳамчунин дар сархати 20-ум иваз намудани калимаҳои «парма кардани чоҳҳои об ва истифодабарии мақсадноки захираҳои табиӣ» ба калимаҳои «истифодаи махсуси об ва партофтани обҳои истифодашуда ба муҳити зист, парма кардани чоҳҳои об» пешниҳод гардидааст. Пешниҳоди кумита дар бораи ба лоиҳаи қонун ворид намудани ибораи «истифодабарии мақсадноки захираҳои табиӣ» ба назар гирифта шудааст,-изҳор дошт Баҳодур Шерализода .

Зимни баррасии масъалаи мазкур узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сурайё Дӯстмуродзода гуфт, ки «Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифхуҷа Шоҳиён ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Файзулло Қосимӣ ва Сурайё Дӯстмуродзода пешниҳод шудааст. Мақсад аз пешниҳоди он мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», тибқи талаботи моддаҳои 8, 40 ва 83 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мебошад».


Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Ёдовар мешавем, ки  масоҳати ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи  Тоҷикистон  3,1 миллион гектар буда, дар онҳо 4 мамнӯъгоҳи табиии давлатӣ, парки табиӣ, парки табиӣ-таърихӣ, Парки миллии Тоҷикистон, 2 филиали Парки миллӣ, 13 парваришгоҳ, 37 ёдгории табиӣ ва дигар объектҳо доман густурдаанд. Айни замон дар мамнӯъгоҳҳо, паркҳои табиӣ ва парваришгоҳҳои кишвар 85 намуди ҳайвони нодир, ба монанди озодапаланг, гурги сурх, оҳуи бухороӣ, ғизол, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, архар, бузи пармашох, ҷайрон, силовсини туркистонӣ, ки сайёҳон махсусан ба дидани онҳо мароқи зиёд доранд, ҳифзу нигаҳбонӣ мешаванд. Дар  мамлакат  барои таъмини истифодаи устувори экосистемаҳо ва захираҳои табиӣ минтақаҳои нави муҳофизатшаванда бунёд карда мешаванд.

Яке аз мавзеъҳои нотакрор ва зеботарини гӯшаи табиати Тоҷикистон, ки дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ воқеъ аст, ин  мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» мебошад. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ дидани зебоиҳои ҳам минтақаи рангоранги биёбон ва ҳам минтақаи туғайзор, ки бо ҷангалҳои касногузару кӯлҳои сершумор иҳота гаштааст, қалбҳоро тасхир месозад.

Хотиррасон менамоем, ки 20 майи соли 2021  мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато хонум Криста Пиккат доир гардид, ки дар он  масъалаҳои марбут ба омода намудани мавод ҷиҳати ворид намудани Мамнуъгоҳи табиии «Бешаи палангон», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон  ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО  мавриди баррасӣ  қарор гирифт.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: манбаъҳои боз

Апрель 30, 2022 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 21-уми Шурои ҳамоҳангсози байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии ИДМ доир шуд
Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст мегардад
Таҳкими ҳамкории гумрукӣ дар ҷаласаи коршиносони Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Авруосиё 2025 иштирок намуд
Ҳамкории Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Тоҷикистон ва Донишгоҳи захираҳои табиӣ ва илмҳои амалии Австрия густариш меёбад
Барои истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд
Дар Боку Форуми байналмилалӣ доир ба рушди омор оғоз гардид
ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ ГӮШТ ДАР ТОҶИКИСТОН 10 ФОИЗ ЗИЁД ГАРДИД. Чаро нархи гӯшт дар бозори истеъмолӣ пайваста боло меравад?
Ҷаласаи нуздаҳуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ба соҳаи сохтмон зиёда аз 16 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ равона карда шудааст
Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ ҳамкориро дар самти муқовимат ба коррупсия густариш медиҳанд
Ҳоким Холиқзода бо Вазири меҳнат ва таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия Ведат Ишикхан мулоқот намуд