Ба Тоҷикистон 198 ҳазору 900 воя ваксинаи «Pfizer-BioNTech» ворид гашт

Апрель 4, 2022 14:33

ДУШАНБЕ, 04.04.2022 /АМИТ «Ховар»/.  3 апрел ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  198 ҳазору 900 воя ваксинаи «Pfizer-BioNTech» ворид гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Ба иттилои манбаъ, шумораи ваксинаҳои Pfizer ва Moderna, ки тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба Тоҷикистон то имрӯз ворид гардидаанд, ба беш аз 2,8 миллион расид.

Ҳамчунин аз моҳи марти соли 2020 Иёлоти Муттаҳида барои кумак ба муборизаи Тоҷикистон бар зидди COVID-19 ба маблағи беш аз 13,5 миллион доллар таҷҳизот ва дастгирии техникӣ ҷудо кардааст. Ин дастгирӣ ба хариди лавозимоти тиббӣ ва таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ, такмили лабораторияҳо, омӯзонидани мутахассисони соҳаи тандурустӣ, инчунин дастгирии кӯшишҳои эмкунӣ дар Тоҷикистон равона карда мешавад.

Вояи мазкур дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба мамлакат ворид гардидааст. Ҳадаф аз ворид гардидани вояи мазкур пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 ва ба иммунизатсия фаро гирифтани шаҳрвандон мебошад.

Вояҳои ваксинаи воридгардида дар анбори махсуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба шаҳру навоҳии мамлакат интиқол дода мешаванд.

Дар тамоми мамлакат иммунизатсия бар зидди бемории коронавируси COVID-19 дар сатҳи баланд ҷараён дорад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Апрель 4, 2022 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон