Бахшида ба Солҳои рушди саноат «Амонатбонк» ба сокинони шаҳри Турсунзода қарзҳои имтиёзнок пешниҳод намуд

Апрель 27, 2022 11:40

ТУРСУНЗОДА, 27.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи ҳамкории дуруст ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни  аҳолӣ то 25 апрел ба 210 нафар соҳибкорону хоҷагидорон ва сокинони шаҳри Турсунзода ба маблағи 8 миллиону 10 ҳазору 800 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудаанд. Дар ин бора мудири филиали №15 БДА  ҶТ «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода Музаффар Мирализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар шаҳри Турсунзода таҳти раёсати муовини раиси шаҳр Ғафурҷон Собирзода дар мавзӯи «Маҳсулоти хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»   машварат доир гардид. Дар ҷараёни машварат соҳибкорону хоҷагидорон ва дигар намояндагони бахши хусусӣ, инчунин масъулини филиали №15 БДА  ҶТ «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода ширкат варзиданд.

Аз ҷониби масъулини «Амонатбонк» ба мизоҷон қарзҳо дар самти рушди кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, рушди саноат ва сохтмон, соҳаи тиҷорат ва дигар соҳаҳои фаъолият, харидории хонаи истиқоматӣ, сохтмон, васеъ гардонидани манзили истиқоматӣ ва ба соҳибкорону сокинони шаҳр дигар намуди қарзҳои имтиёзнок пешниҳод гардиданд.

Зимни машварат зикр шуд, ки дар маҷмӯъ, ба сокинони шаҳри Турсунзода ба маблағи 1 миллиону 761 ҳазор сомонӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва 6 миллиону 249 ҳазору 800 сомонӣ   барои рушди соҳибкории хурду миёна қарзҳои имтиёзнок дода шудаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Апрель 27, 2022 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4447 то 9.4600 сомонӣ муқаррар шудааст
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ масъалаҳои марбут ба идоракунии захираҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар Вашингтон дар Форуми баландпоя оид ба идоракунии дороиҳо ва захираҳои байналмилалӣ иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1260 то 0.1270 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1344 то 11.2500 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1220 то 0.1242 сомонӣ муқаррар шудааст
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1241 сомонӣ муқаррар шудааст
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
РУШДИ САНОАТ. Давоми се моҳ дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,9 миллиард сомонӣ расид