Дар соҳилҳои Сирдарё ва «Баҳри Тоҷик» амалиёти назоратӣ гузаронида шуд

Апрель 18, 2022 11:40

ДУШАНБЕ, 18.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зимни гузаронидани амалиёти шабонарӯзӣ аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҳамкорӣ бо аъзои ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони ноҳия дар соҳили Сирдарё, минтақаи Туқай ва Ҷамоати деҳоти Деҳмой беш аз 170 метр тӯри моҳигирӣ дарёфт ва мусодира гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Амалиёт бо мақсади ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022 дар асоси фармоишҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд гузаронида шуд.

Чунин амалиёти фаврӣ аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар болооби обанбори «Баҳри Тоҷик» гузаронида шуд. Дар ҷараёни амалиёт дар минтақаҳои Конибодом ва Ашт зиёда аз 2500 метр тӯри моҳигирӣ дарёфт ва нест карда шуд.

Сарчашма хабар медиҳад, ки новобаста аз давраи манъи сайди моҳӣ баъзе шаҳрвандон ба қуруқшиканӣ роҳ дода, дар ин маҳал аз воситаҳои манъшуда, ба монанди тӯрҳои моҳигирӣ истифода менамоянд.

АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 18, 2022 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад