ДАРХОСТ АЗ ҲАШТ ДОНИШГОҲИ МАЪРУФИ ОЛАМ БА АЛИШЕР ҚОСИМОВ. Хонандаи тоҷик соҳиби гранти омӯзишӣ ба маблағи як миллион доллар гардид

Апрель 8, 2022 13:43

ДУШАНБЕ, 08.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Алишер Қосимов соҳиби Шоҳҷоиза-гранти омӯзишӣ ба маблағи умумии 1 миллион доллари амрикоӣ гардида, имкони идомаи таҳсил дар яке аз ҳашт донишгоҳи бонуфузи Амрико ва Швейтсарияро ба даст овард.

Тибқи иттилои директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Негматова, Алишер Қосимов дар чанд озмуни донишгоҳҳои ИМА ва Швейтсария дар соли 2022 иштирок намуда, соҳиби Шоҳҷоиза шуд ва якбора ҳашт донишгоҳ — Донишгоҳи Дрейк дар штати Айова, донишгоҳи Эмори ва Хенри дар штати Вирҷиния, донишгоҳи Вирҷинияи Ғарбӣ дар штати Вирҷиния, донишгоҳи Ла Верна дар штати Калифорния, донишгоҳи Аризона дар штати Аризона, донишгоҳи Гарднер Веб дар штати Каролинаи Шимолӣ, донишгоҳи Невада дар Лас Вегас ва донишгоҳи Франклин дар Швейтсария бо ирсоли мактуби расмӣ омодагии худро ба қабули хонандаи тоҷик тариқи буҷавӣ (ройгон) эълон намудаанд, ки маблағи умумии он беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ хоҳад шуд.

Донишгоҳҳои зикршуда ба гурӯҳи донишгоҳҳои бонуфузи олам шомиланд ва 5 соли омӯзиш дар ин донишгоҳҳо аз 80 ҳазор то 170 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дорад.

Алишер Қосимов яке аз омилҳои ба ин муваффақият дастёбии худро дар омӯхтани фанҳои таълимӣ бо забони англисӣ дар литсейи мазкур медонад. Ӯ мегӯяд, дар раванди иштирокаш дар озмунҳои мазкур давоми ду моҳ эссеро бо забони англисӣ навиштаву пешниҳод намуд ва ғолиб гардид. Ин наврас ният дорад, ки яке аз ҳашт донишгоҳи маъруфро интихоб ва дар оянда духтур — ҷарроҳи асаб гардида, баъди хатми донишгоҳ ба Тоҷикистон баргашта, дар рушди тибби тоҷик саҳм гузорад.

Ҷоизи зикр аст, ки ин дастоварди аввалини хонандагони ин боргоҳи таълимӣ набуда, моҳи декабри соли гузашта се нафар хонандагони ин Литсей — Алиҷон Усмонов, Абӯбакр Комилов ва Аслан Насратшоев дар олимпиадаи байналмиллалӣ дар кишвари Тайиланд ғолиб омада, соҳиби 220 ҳазор доллари амрикоӣ гранти омӯзишӣ дар Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ гардида буданд. Дарвоқеъ, омӯзгорони ин боргоҳи таълимӣ дастовардҳои худро самараи иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати омӯхтани забони англисӣ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон медонанд.

Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд омӯзиши фанҳои дақиқ бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, ин амр имкон медиҳад хонандагон бо баробари аз худ намудани забонҳои хориҷӣ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, шарафи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Танҳо дар 7 моҳи соли таҳсили 2021-2022 хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар беш аз 13 олимпиадаи фаннии сатҳи ҷаҳонӣ дар кишварҳои Амрико, Туркия, Тайиланд, Малайзия, Сингапур, Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса иштирок намуда, соҳиби 356 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд.

АКС: Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд

Апрель 8, 2022 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 6 неругоҳи барқи офтобӣ ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 91 дастуру воситаи таълимӣ ва 7 китоби дарсӣ нашр намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ихтисоси амнияти системаҳои автоматикунонидаи коркарди иттилоот таъсис ёфт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Табибон дар оянда бо истифода аз технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ таълим мегиранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз 1 сентябри соли 2026 музди меҳнати кормандону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 10 фоиз зиёд мегардад
Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон масоили рушди баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит ва андозбандӣ баррасӣ гардид
Соли 2025 дар Тоҷикистон 214 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ иҷрои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон» баррасӣ гардид
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Онро зиёда аз 150 давлати дунё эътироф намудаанд
Доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе оид ба зарурати фароҳам овардани шароит барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — БУНЁДГУЗОРИ МАОРИФИ МИЛЛӢ