Иншооти таърихиву фарҳангии Суғд ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим аз гузаргоҳи минтақавии «Фарғона-Сирдарё» ворид мегарданд

Апрель 12, 2022 11:10

ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо бо дастгирии ЮНЕСКО омӯзиши ҳуҷҷатҳои Қалъаи Хуҷанд, Маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин, Қалъаи Ширини ноҳияи Спитамен, мақбараи Ҳазрати Шоҳи шаҳри Исфара, қалъаи Қаҳ-қаҳаи ноҳияи Шаҳристон, мадрасаи Абдулатиф Султон (Нуҳ гумбаз)-и шаҳри Истаравшан идома дошта, дар назар аст, ки иншооти таърихиву фарҳангӣ ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим аз гузаргоҳи минтақавии «Фарғона-Сирдарё» ворид карда шаванд.  Дар ин бора котиби матбуоти Раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

11 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи минтақавии ЮНЕСКО дар Осиёи Марказӣ​ хонум Криста Пиккат мулоқот кард.

Раиси вилоят аснои мулоқот ба нақши ЮНЕСКО дар​ ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихӣ, рушди илму маориф ва тиббу фарҳанг баҳои баланд дода, аз ҳамкории судманд бо ин ниҳоди байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Таъкид карда шуд, ки новобаста аз мавҷудияти пандемия соли 2020 бо дастгирии ЮНЕСКО 5500-солагии Саразми бостонӣ, ки 31 июли соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шуда буд, дар сатҳи баланд таҷлил гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, аз онҳо 13 ададаш дорои аҳамияти умумибашарӣ, 91 адад дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 1086 адад дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошанд.

Ин ёдгориҳо муаррифи фарҳанги оламшумули миллати тоҷик буда, ба ҷалби сайёҳон аз хориҷи дуру наздик мусоидат менамоянд.

Криста Пиккат бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкории судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо ташкилоти байналмилалии ЮНЕСКО барои амалисозиии тарҳҳои гуногун ибрози андеша намуд.

Ҷонибҳо ҳамзамон барои тақвияти ҳамкорӣ ва муаррифии мероси фарҳангии миллати тоҷик ба ҷаҳониён мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Апрель 12, 2022 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид