ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Кумитаи идораи замин ва геодезӣ дар Муъминобод боғи интенсивӣ бунёд намуд

Апрель 9, 2022 09:33

ДУШАНБЕ, 09.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар яке аз минтақаҳои дурдасти кишвар – дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дар майдони 1,15 гектар замини корами лалмӣ боғи интенсивӣ бунёд намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур хабар доданд.

Дар ҷараёни ниҳолшинонӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода, Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хомурод Раҳмон иштирок намуданд.

Боғи мазкур дар пайи иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истифодаи мақсадноку самараноки қитаъҳои замин бунёд гардид.

Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 иброз доштанд, ки «дар натиҷаи амалисозии барномаҳои рушди соҳа дар замони истиқлол майдони боғу токзор дар мамлакат 3,6 баробар ва истеҳсоли меваю ангур 4,3 баробар афзоиш ёфт».

Дар партави ин ҳидоятҳо масоҳати заминҳои боғ дар заминҳои лалмиву чарогоҳ сол аз сол зиёд мегардад.

Дар боғи мазкур се намуд себҳои гуногунавъ, дар маҷмӯъ 500 адад ниҳол тариқи ҳашар шинонида шуданд.

Таъкид гардид, ки барои нашъунамои хуби боғи мазкур бояд масъулин таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, ҳамчунин мардуми ноҳияро ба бунёди чунин боғу токзор дар заминҳои лалмиву чарогоҳ талқин намоянд.

АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ

 

Апрель 9, 2022 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад