Кумитаи рушди сайёҳӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон даврҳои омӯзишӣ мегузаронад

Апрель 18, 2022 16:22

ДУШАНБЕ, 18.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади омода намудани мутахассисони соҳибихтиссос дар соҳаи сайёҳӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хоруғ, Панҷакент ва ноҳияҳои Данғараю Дарвоз бо ҷалби кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва дигар субъектҳои хизматрасонӣ аз рӯи ихтисосҳои роҳбалад, барандаи экскурсия, пешхизмати меҳмонхона ва тарабхона даврҳои омӯзишии думоҳа гузаронида мешаванд. Дар ин замина имрӯз дар шаҳри Душанбе аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Даврҳои омӯзишӣ дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2019-2022 бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе» гузаронида мешаванд.

Зимни вохӯрӣ Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ масъалаи сифати гузаронидани даврҳои омӯзиширо вобаста ба арзёбии сатҳи тахассус, маҳорату малакаи касбии иштирокчиён ва ба ин васила тақвияти неруи инсонӣ, таъминоти кадрӣ ва шуғли пурмаҳсул дар соҳаи сайёҳӣ таъкид намуд.

Солҳои охир бо афзоиш ёфтани шумораи гардиши сайёҳон ба ҷумҳурӣ талабот ба мутахассисони соҳибтаҷриба дар соҳаи сайёҳӣ хеле зиёд гаштааст. Тақвияти неруи кадрӣ ва пешниҳоди хизматрасонии босифат дар баробари рушди инфрасохтор омили муҳими рақобатпазирии соҳа дар минтақа маҳсуб мешавад.

АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ

Апрель 18, 2022 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад