Маркази миллии тестӣ: Давраи бақайдгирии ИМД-2022 то 30 апрел тамдид карда шуд

Апрель 17, 2022 10:27

ДУШАНБЕ, 17.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки давраи бақайдгирии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) дар соли 2022 то 30 апрел тамдид карда шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, бинобар зиёд будани хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва тибқи дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон муҳлати бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) то 30 апрел тамдид карда шуд.

Ба шахсони хоҳишманди иштирок дар ИМД-2022 тавсия медиҳем, ки ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ заруриро бо рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои мехостаашон пешакӣ омода намуда, баъдан дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шаванд. Инчунин, тавсия дода мешавад, ки бо мақсади сарфаи вақти худу кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ аз хизматрасонии «Пешномнависӣ»,  ки дар сомонаи Марказ дастрас аст, истифода намоянд.

Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки бо маълумоти омории ҷараёни бақайдгирӣ, ки дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj/tj/imd/hisoboti-davri.html) ҷойгир карда шудааст, шинос шуда, дар сурати зарурат ва хоҳиш доштан интихобҳои аввалини худро дар давраи бақайдгирӣ, ки тамдид гардидааст, иваз намоянд.

Акс аз бойгонӣ

Апрель 17, 2022 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд