ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар Турсунзода 21 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд

Апрель 25, 2022 11:06

ТУРСУНЗОДА, 25.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Солҳои рушди саноат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо дастгирии соҳибкорону сокинони шаҳр бунёди 398 иншооти дорои аҳамияти иҷтимоию  фарҳангӣ ва иқтисодиро ба нақша гирифтааст,  ки аз ин шумора  21  адад корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ, 32 адад иншооти соҳаи тандурустӣ, 28 адад иншооти соҳаи варзиш, 34 адад марказҳои хизматрасонӣ ва дигар биноҳо мебошанд. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.

Тавре мудири бахши меъмории шаҳри Турсунзода Файзулло Раҳимов хабар дод, он яке аз шаҳрҳои саноатии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, имрӯзҳо дар он 51 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд, ки дар иҷрои ҳадафи чоруми стратегии мамлакат- саноатикунонии босуръати Тоҷикистон нақши асосӣ доранд.

Дар  се моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  дар шаҳри Турсунзода 247 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 миллион  сомонӣ зиёд мебошад.

Тибқи иттилои масъулини Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунзода, то ҷашни пурифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар 45 мавзеъ ба миқдори 130 километр роҳҳо таъмири асосӣ шуда,  ҳамзамон сохтмони 6 пули мошингузар ба нақша гирифта шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 25, 2022 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд