ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Захираҳои бузурги ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳанд, ки саноатикунонии босуръати мамлакат таъмин гардад
ДУШАНБЕ, 21.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити имрӯзаи пешрафти иқтисодӣ саноат яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ маҳсуб шуда, таъмини рушди он вазифаи афзалиятнок ба шумор меравад. Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо саноатчиёну соҳибкорон иброз дошта буданд, «бо мақсади рушди соҳаи саноат, ки заминаҳои он дар асоси се ҳадафи умумимиллӣ фароҳам оварда шудаанд, мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чорум эълон намудем. Ҳамзамон дар ин росто солҳои 2022-2026 Панҷсолаи рушди босуръати саноат эълон карда шуд. Татбиқи ин вазифаҳои муҳим имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати индустриаливу аграрӣ табдил дода шавад».
Муовини Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимаҳмуд Ализода зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки «захираҳои бузурги ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳанд, ки тавассути коркарди пурраи маъдан, аз ҷумла металлҳои рангаву қиматбаҳо саноати сӯзишворӣ, инчунин коркарди маҳсулоти сохтмонӣ рушд намуда, саноатикунонии босуръати мамлакат таъмин карда шавад».
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар асоси «Барномаи рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», ки моҳи апрели соли 2021 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардид, омӯзиши беш аз 50 объекте, ки барои иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла соҳаи саноат хеле муҳиманд, ба инобат гирифта шуд.
Яке аз бахшҳои муҳими барномаи мазкур- гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби захираҳо мебошад, ки дар асоси он марҳила ба марҳила ин тадбир бояд анҷом дода шавад.
Ба иттилои Алимаҳмуд Ализода, дар як соли охир корҳои омӯзишӣ дар 10 объект (майдони маъдани тилло, сурма, металлҳои нодир, сангҳои қиматбаҳою ороишӣ ва ғ.) дар вилоятҳои Бадахшон, Суғд ва Хатлон гузаронида шуда, дар айни замон коркарди маводи бадастомада идома дорад.
Вобаста ба ҳадафи чоруми стратегӣ аз ҷониби ҳукумат «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» тасдиқ карда шуд. Масъулони соҳа мегӯянд, ки барномаи мазкур ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатнокии он, ташкили корхона ва коргоҳҳои нав бо таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҳалли вазифаҳои иҷтимоии давлат мусоидат намуда, барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ замина мегузорад. Дар ин ҷода нақши геологҳо, ки дар омӯзиш ва муайян намудани захираҳои бойи табиӣ хеле бориз аст, аҳамияти муҳим дорад.
Муовини Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимаҳмуд Ализода изҳор дошт, ки «тибқи дурнамо, минбаъд ҳар корхонаи саноати маъдане, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ таъсис дода мешавад, бояд дар асоси ашёи хоми ватанӣ ташкил гардад ва талоши масъулони Саридораи гелогия низ ба ҳамин самт равона шудааст. Дар ин сурат арзиши маҳсулоти тавлидотӣ низ баланд гардида, устувории фаъолияти корхонаи бузурги саноатӣ таъмин мегардад».
«Ҳамин гуна корхонаҳое, ки бо ашёи хоми ватанӣ фаъолияти худро устувор нигоҳ дошта, дар рушди саноату иқтисод саҳм мегузоранд, ин «Талко голд», корхонаи муштараки «Зарафшон», «Ширкати кӯҳҳои саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶДММ «ТВЕА» ва дигарон мебошанд, — гуфт Алимаҳмуд Ализода ва илова намуд, ки бо мақсади таъмини корхонаҳо бо ашёи хоми маҳаллӣ ҳиссаи Саридораи гелогия муайян намудани захираҳои канданиҳои фоиданок мебошад. Дар ояндаи наздик бояд иқтидору намудҳои канданиҳои фоиданок муайян ва ба тарози давлат гузошта шавад.
Бо мақсади саноатикунонии босуръати мамлакат ва татбиқи ин ҳадафи олии ҳукумат дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Ояндаи наздик омӯзишу муайян намудани захираҳои 15 объект ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин сурат ҳиссаи ашёи минералӣ зиёд карда мешавад.
Тавассути таъсиси корхонаҳои нав, барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда, афзоиш додани ҳаҷми истихроҷи канданиҳои фоиданок ва коркарди маъдан ба фаъолият оғоз намудани корхонаҳои бузурги соҳаи маъдан оид ба коркарди ниҳоии ашёи хом бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ имконпазир аст.
Президенти Тоҷикистон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 вазифагузорӣ намуданд, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат бояд беш аз 800 корхонаи саноатӣ бо таъмини беш аз 500 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфта, даромади пули аҳолӣ 2 баробар зиёд карда шавад, ки ин тадбир ба паст шудани сатҳи камбизоатӣ то 15% сабаб мегардад. Ҳамзамон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 млрд сомонӣ расонида шуда, содироти он бояд ду баробар афзоиш дода шавад.
Мутахассисони соҳа мегӯянд, ки барои расидан ба нишондиҳандаҳои мазкур имконоти зиёде мавҷуданд ва дар ин ҷода танҳо заҳмати аҳлона зарур аст.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз








Соли 2025 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад»
Дар Душанбе Конференсияи I байналмилалӣ оид ба масъалаҳои молия ва баҳисобгирӣ баргузор шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити зеҳни сунъӣ дар Деҳлии Нав иштирок менамояд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ — антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоед!»
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ расид
Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Ширкати «ACWA Power» дар доираи татбиқи тарҳи энергетикӣ дар Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ месозад
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият меёбад






