Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода: «Ба таври сунъӣ боло бардоштани нархи бозор ба хотири гирифтани фоидаи бештар амали бадтарин аст»

Апрель 5, 2022 12:26

ДУШАНБЕ, 05.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Рамазон на танҳо моҳи имтиҳони неруи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рӯҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст. Ин нукта ба онҳое дахл дорад, ки барои хизматрасонӣ ба мардум масъуланд. Ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтаринест, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст. Чунин изҳори андеша намуд Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА ба мухбири АМИТ «Ховар».

Ба андешаи Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, дар моҳи мубораки Рамазон баъзе нафарон, соҳибкорон ва ё шахсоне, ки бозорнишинанд, ба эҳтикор (дар истилоҳи фиқҳи шаръӣ инро ба таври сунъӣ боло бурдани нарх мегӯянд. – Тавзеҳи  муаллиф) даст мезананд. «Мо камбуди равған, орд, меваҷот надорем, ҳама анборҳо пур аз ин неъматҳост. Ҳоло ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи маводи мавриди ниёзи аввал, бардоштани нархи дигар маҳсулот, умуман суиистифода аз моҳи мубораки Рамазон ё рӯзҳои мубораки ид бисёр гуноҳи азим буда, пайомадҳои нохуш низ дорад. Нафароне, ки нархро ба таври сунъӣ боло мебардоранд, аз ин маблағе ба даст меоранд, лек ин маблағ ба онҳо ба ҷуз нигарониву нокомӣ ва парешониву ташвишҳо чизе намедиҳад. Барои ин ҳам ман аз тамоми бозорнишинон ва онҳое, ки ҳамарӯза дар бозору мағозаҳо фаъолият анҷом медиҳанд, хоҳиш дорам, ки дар моҳи мубораки Рамазон хайру эҳсонро пеша кунанд, нархҳоро на боло, балки ба миқдоре поин фароранд. Зеро ҳеҷ коре бе подош намемонад, агар некӣ бошад, подоши нек ба бор меорад»,-мегӯяд мавсуф.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон зикр намуданд, ки моҳи Рамазон инсонро ба сабру таҳаммул, қаноату парҳезкорӣ, раҳму шафқат ва некиву накӯкорӣ ҳидоят карда, имони ӯро комил, иродаашро қавӣ ва зоҳиру ботинашро пок мегардонад.

«Дар ин моҳи муборак баробари ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, иҷрои амалҳои солеҳ, аз ҷумла хайру эҳсон ва дастгириву навозиши ятимону маъюбон ва камбизоатҳову муҳтоҷон аз сифатҳои шоиставу башардӯстонаи ҳар мусулмони савобҷӯ мебошанд.

Бовар дорам, ки на танҳо соҳибкорону тоҷирон, балки ҳар инсони хайрхоҳу ҳимматбаланд дар ин моҳи шариф иқдому аъмоли неку писандидаи худро густариш мебахшад ва бо саховату ҷавонмардӣ намунаи ибрат нишон дода, соҳиби савоби зиёд мегардад».

Саидмукаррам Абдуқодирзода дар ҳошияи суханони Пешвои миллат изҳор дошт, ки моҳи мубораки Рамазонро моҳи раҳмат мегӯянд.  Дини мубини Ислом танҳо дини эътиқод нест, балки дини эътиқоду амал аст. Мо дар ин моҳ бояд нисбат ба мардум хайрхоҳ бошем.

Бояд зикр намуд, ки аз рӯи ҳикматҳои моҳи шарифи Рамазон анҷом додани ҳар гуна амали хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат бояд хос ба хотири ризои Худованд бошад, на ба хотири дарёфти шуҳрату обрӯю эътибор миёни ҷомеа. «Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали нек ва ё кори хайру савоб анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст»,-мегӯяд Саидмукаррам Абдуқодирзода.

Гузашта аз ин, ба таъкиди С. Абдуқодирзода, яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад. Раиси Шӯрои уламо барои тақвияти ин андеша аз ҳадиси Паёмбари ислом (с) ёдовар шуд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад».

Тавре огаҳӣ дорем, моҳи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи шанбе, 2 апрел оғоз гардид  ва бояд гуфт, ки яке аз унсурҳои асосии моҳи шарифи Рамазон гирифтани рӯза ба сифати рукни муҳими дини мубини ислом мебошад.

Ба зикри ҳамсуҳбати мо, рӯза яке аз ибодатҳои пурмашаққатест, ки ниёз ба сабру таҳаммул дорад ва аз ин рӯ бархе аз афроди ҷомеа онро таҳаммул карда наметавонанд. Бинобар ин, шариати исломӣ ба хотири осонӣ ва рафъи машаққат барои чунин гурӯҳи одамон хӯрдани рӯзаро рухсат додааст. Аз ҷумлаи чунин узрҳои шаръӣ, ки шариат муайян намудааст, беморӣ мебошад. Беморие, ки ба сабаби рӯза гирифтан авҷ мегирад ё аз нав ба вуҷуд меояд. Шариати ислом дастур ва тавсияи табиби ҳозиқро дар ин маврид муътабар мушуморад, яъне агар мутахассиси соҳаи тиб зарари рӯзаро ба ҷисми бемор мушаххас кунад, хӯрдани рӯза дар ин ҳолат ҷоиз аст.

Гурӯҳи дигаре, ки метавонанд аз гирифтани рӯза худдорӣ варзанд, мусофирон мебошанд. Тибқи қарори Шӯрои уламо, масофаи сафар 120 км аст, зеро дар мазҳаби ҳанафӣ муддати сафар се марҳала буда, як марҳала ба 40 км  баробар аст. Масалан, як ронандаи автобуси мусофиркаш бо 30-40 мусофир аз марказ ба ноҳияи дурдасттарин сафар мекунад ва масофа аз 120 километр ҳам дуртар мешавад. Дар ин ҳолат бо дарназардошти масъулият, машаққати роҳ ва солимии дигар мусофирон ин ронанда метавонад рӯза нагирад.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, занҳо дар марҳилаи ҳомиладорӣ, дар ҳолате, ки рӯза ба саломатии модар ва тифл таҳдид дорад, метавонанд рӯза нагиранд. Модари ширдеҳе, ки  хӯроки тифлаш танҳо  шири модар аст, аз гирифтани рӯза айни ҳамин имтиёзро дорад.

«Шахсони пиру солхӯрда, ки гирифтани рӯза барои онҳо машаққат ва бемадорӣ  меорад, бо додани фидяи савм (тибқи қарори Шӯрои уламо 420 сомонӣ барои як моҳи мубораки Рамазон) ба ниёзмандон аз гирифтани рӯза озод мебошанд. Додани фидя фақат ба ҳамин гурӯҳ дахл дорад. Дар ҳолатҳои боло вақте ки узрҳои шаръӣ бартараф шуд, қазо воҷиб мешаваду бас.

Саидмукаррам Абдуқодирзода изҳор дошт, ки «ҳамватанони моро зарур аст дар ин моҳи шариф рафтору ахлоқи нек, аз қабили муомилаи накӯ бо ҳамсоягон, раҳму шафқат ба дардмандон, ғамхориву меҳрубонӣ ба пиронсолон, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват бо дӯстону ҳамкорон, ҷавонмардиву олиҳимматӣ ва қадршиносиро сармашқи кори ҳамарӯзаи зиндагии худ қарор диҳанд».

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Апрель 5, 2022 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода