Раиси вилояти Суғд бо фаъолияти корхонаи заргарӣ дар шаҳри Бӯстон шинос шуд

Апрель 2, 2022 09:29

ДУШАНБЕ, 02.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон бо фаъолияти корхонаи заргарии «Зари Суғд» шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Корхонаи заргарии «Зари Суғд» истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ, армуғонҳои гуногун, нишонҳои сарисинагӣ, нимпайкара, қолабҳои гуногуни металлиро роҳандозӣ намуда, инчунин аз  сангҳои ороишӣ туҳфаву армуғон омода месозад.

Бояд гуфт, ки Корхонаи мазкур зертобеи Корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» буда, солиёни зиёд кӯҳнаву фарсуда ва бекор буд. Баъди эълони иқдоми саноатикунонии босуръати мамлакат чун ҳадафи чоруми стратегӣ «Зари Суғд» пурра навсозӣ гардида, барои истеҳсоли маҳсулоти аълосифат бо дастгоҳҳои нави корӣ таъмин карда шуд. Корхона моҳи феврали соли равон бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт.

Тамоми дастгоҳу таҷҳизоте, ки дар доираи корҳои навсозӣ дар корхона  насб гаридаанд, истеҳсоли Туркия ва Федератсияи Русия буда, чунин шароит имконият медиҳад, ки маҳсулоти ниҳоӣ бо сифати баланд омода гардад.


Дар ҳудуди корхона сехҳои заргарӣ, зарҳалкорӣ, қолабомодакунӣ,  сехи механикӣ ва анбори алоҳидаи нигоҳдории маҳсулоти тайёр ташкил гардида, дар маҷмӯъ 30 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ гардидаанд. Дар корхона асосан хатмкардаҳои Донишкадаи  кӯҳию  металлургии Тоҷикистон,  ки дар шаҳри Бӯстон фаъолият менамоянд, ба кор ҷалб шудаанд.

Корхонаи заргарии «Зари Суғд» пурра бо ашёи хоми маҳаллӣ  фаъолият намуда, маҳсулоти ивазкунандаи воридотро ба бозорҳои мамлакат пешниҳод менамояд. Инчунин коргарон мақсад доранд, ки маснуоти заргарии истеҳсолнамудаи корхона ва маҳсулоти аз сангҳои ороишӣ омодагаштаро дар навбати аввал ба мамлакатҳои ҳамсоя содирот намоянд.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ барои тавсеаи фаъолияти корхона, омӯзиши бозори минтақа, содироти маҳсулот тавсияҳои судманд дод.

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 2, 2022 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад