Сафири Тоҷикистон аз корхонаҳои минтақаи муташаккили саноатии Belikdüzü-и шаҳри Истанбул дидан кард

Апрель 11, 2022 08:45

ДУШАНБЕ, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов аз корхонаҳои истеҳсолии қитъаи Birlik дар минтақаи муташаккили саноатии Belikdüzü-и шаҳри Истанбул боздид намуда, бо роҳбарияти субъектҳои соҳибкории хурду миёнаи бахши хусусӣ, ки дар он фаъолият мекунанд, мулоқоти судманд анҷом дод. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Туркия Манижа МАҚСУДОВА хабар медиҳад.

Ба корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ оид ба вазъи кунунии ҳамкории иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Туркия, гардиши савдо, раванди ҷалби сармояи мустақими туркӣ ба Тоҷикистон, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани солҳои 2022–2026 Солҳои рушди саноат, имконияти бидуни раводид ворид шудани шаҳрвандони Туркия ба кишвар, мавриди амал қарор гирифтани Кодекси нави андоз, инчунин дигар маълумоти муфид дар бораи  имконияти сармоягузории Тоҷикистон манзур карда шуд.


Корхонаҳои мазкур дар навбати худ ҳавасмандии худро барои амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон изҳор намуданд.

Баъд аз нишасти мазкур боздид аз корхонаҳои истехсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, аз ҷумла қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ аз оҳану пластмасс баргузор гардид.

АКСҲО: Сафорати Тоҷикистон дар Туркия

Апрель 11, 2022 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд