Синамогарони Узбекистон аз қалъаи бостонии Ҳисор ва «Бозори ҳунармандон» боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати синамогарони Ҷумҳурии Узбекистон, ки ҷиҳати иштирок дар Шӯрои 4-уми директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон ба Душанбе омадааст, ба шаҳри Ҳисор ташриф овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Меҳмононро дар ҳайати раиси кинематографистони Ҷумҳурии Узбекистон Матъяқуб Матчанов, коргардони кино Фурқат Усмонов, ҳунармандони синамо Умед Искандаров, Лола Элтоева, Нигина Анарбаева ва филмноманавис Рустам Ҷабборов роҳбарияти шаҳр пазироӣ ва ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфтанд.
Дар толори Кохи фарҳанги шаҳр синамогарони узбек қабл аз намоиши филмҳои ҳунарие, ки бо худ дастовез овардаанд, бо сокинони шаҳр мулоқот намуда, барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.
Зикр шуд, ки дӯстии халқҳои тоҷику узбек аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад.

Бо шарофати ақлу хиради волои Сарварони ду кишвари ба ҳам дӯст- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкории гуногунсоҳаи ду кишвар, аз ҷумла робитаҳои фарҳангӣ ба марҳалаи нави таърихӣ ворид гардиданд.
Ҳайати синамогарони узбек ба Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор рафта, аз қалъаи бостонии Ҳисор дидан намуд. Дар регистони қалъа аз ҷониби кормандони муассисаҳои соҳаи маориф ва аҳли ҳунари шаҳр барномаи фолклории «Бозори ҳунармандон», намоиши хӯрокҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пешкаш гардид. Меҳмонон ба хӯрокҳои миллии омоданамудаи кадбонуҳои тоҷик, пухтупази қаннодон ва маҳсули дастони дигар ҳунармандони шаҳр баҳои баланд дода, расму ойин ва ҳунарҳои мардумии ду миллатро шабеҳи ҳамдигар маънидод карданд.
Инчунин дар маҷмааи фароғатии «Шаршара» санъаткорони бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор барномаи рангини консертиро манзури синамогарони Узбекистон намуданд.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор









Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд






