Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ тасмим гирифтаанд маркази логистикӣ таъсис диҳанд
ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тасмим гирифтаанд, ки маркази логистикӣ таъсис диҳанд. Ин масъала зимни мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва вазири саноат ва захираҳои маъдани Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Бандар Алхораиф, ки ба таври маҷозӣ сурат гирифт, баррасӣ шуд, иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат.
Зикр гардид, ки маркази логистикӣ савдои байни кишварҳоро афзоиш дода, молу маҳсулотро нисбат ба масирҳои анъанавии логистикӣ зудтар интиқол медиҳад ва молҳоро маблағгузорӣ мекунад.
Шералӣ Кабир афзуд, ки Тоҷикистон барои рушди саноат ва фановариҳои нав дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ, пахта ва дорусозӣ имконоти кофӣ дорад. Пойгоҳи логистикӣ- ин Маркази бузурги логистикӣ мебошад, ки дар он тамоми маҷмӯи амалиёти коркарди бор анҷом дода мешавад.
Сохтмони маҷмааҳои бузурги логистикӣ тамоюлест, ки дар бисьёр кишварҳои ҷаҳон маъмул гардидааст. Парки логистикӣ ҷараёни борро муттаҳид мекунад — молҳо нигоҳ дошта мешаванд, коркард ва ба дигар анбор тақсим карда мешаванд. Хусусияти фарқкунандаи он- қобилияти бор карда фиристодани маҳсулот тавассути намудҳои гуногуни нақлиёт ва пурра кардани мол мебошад.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд






